• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Амалиёти «Эстакада»: Ошкорсозии зиёда аз 30-ҳолати убури ғайриқонунии роҳ аз ҷониби пиёдагардон
Амалиёти «Эстакада»: Ошкорсозии зиёда аз 30-ҳолати убури ғайриқонунии роҳ аз ҷониби пиёдагардон

Амалиёти «Эстакада»: Ошкорсозии зиёда аз 30-ҳолати убури ғайриқонунии роҳ аз ҷониби пиёдагардон

  Аз ҷониби мақомоти милитсияи пойтахт чандин маротиба ҷиҳати истифодаи оқилона ва бо риояи Қоидаҳои ҳаракати роҳ гашту гузор намудан дар ҳудуди роҳҳои сесатҳа-эстакадаҳои кӯчаҳои И.Сомонӣ – А.Сино ва Н.Махсум – Б.Ғафурови ноҳияи Сино амалиёт ва рейду корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудаанд. Вале ҳамоно шаҳрвандону бархе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятию хусусӣ дидаю дониста талаботи мазкурро сарфи назар намуда, дар ҷойи номуқараргардидаи эстакадаҳо ба фаровардану савор намудани мусофирон машғул мешаванд.
  Бо истифода аз ин баъзе аз шаҳрвандон махсусан сокинони биноҳои атрофи эстакадаҳо ва донишҷӯён аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ истифода накарда, ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд оварда, роҳро убур мекунанд, ки ин амали онҳо дар бештари маврид боиси сар задании садамаҳои марговари нақлиётӣ гардидааст. Чуноне мушоҳидаҳо нишон медиҳанд баъзе аз шаҳрвандон дар баробари қоидавайронкунӣ ҷойҳои сабзкоришуда ва гулу буттаҳои ороиширо, ки бо заҳматҳо шинонида шудаанд поймол намуда, боиси косташавии симои шаҳр ва ба миён омадани норозигии шаҳрвандон гардидаанд.
  Аз ҷумла давоми ҳамагӣ як соати гузаронидани амалиёти санҷишӣ зиёда аз 30-нафар шаҳрвандон аз гузаргоҳҳои зеризаминии ҳудуди эстакадаҳо истифода накарда, аз ҷойи номуқарраргардида роҳро убур карданд, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо номбурдагон суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Аз ҷумла як чанд ҳолати аз ҷойи номуқарраргардида гузаштани шаҳрвандон:

Холиқзода Муҳаммадиқбол, санаи таваллудаш 18. 03. 2003, сокини шаҳри Душанбе, донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;


Файзуллозода Бурҳониддин, санаи таваллудаш 15. 04. 2002, сокини шаҳри Душанбе, донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;


Асоев Азизулло, санаи таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ёвон;


Набиев Қобил, санаи таваллудаш 05. 08. 2000, сокини шаҳри Душанбе, донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон;


Давлатов Далер, санаи таваллудаш 01. 01. 1975, сокини шаҳри Душанбе;

Боев Зариф, санаи таваллудаш 07. 01. 1992, сокини шаҳри Душанбе;


Ҳалимов Саид, санаи таваллудаш 16. 01. 2001, сокини шаҳри Ҳисор, донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон;


Зоиров Маҳмадалӣ, санаи таваллудаш 05. 02. 1989, сокини шаҳри Душанбе;


Маҷидзода Достон, санаи таваллудаш 16. 06. 2000, сокини шаҳри Ҳисор, донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон;


Холиқов Абдухолиқ, санаи таваллудаш 09. 09. 2004, сокини шаҳри Душанбе, донишҷӯи Коллеҷи техникии Тоҷикистон;


Ҳасанов Саймухтор, санаи таваллудаш 12. 09. 2001, сокини шаҳри Душанбе, донишҷӯи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон;


Ахмедов Алишер, санаи таваллудаш 04. 11. 2002, сокини шаҳри Турсунзода;


Маҳмадёрзода Ҷамшед, санаи таваллудаш 01. 12. 2002, сокини шаҳри Турсунзода;


Тураев Ҷаҳонгир, санаи таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Данғара;


Раҷабов Мирзомуддин, санаи таваллудаш 1969, сокини шаҳри Ҳисор;


Шеров Фаррух, санаи таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе;


Яҳёев Шавкат, санаи таваллудаш 1969, сокини шаҳри Душанбе;


Ибрагимов Ҳаким, санаи таваллудаш 20. 11. 1978, сокини ноҳияи Муъминобод;


Ҳафизов Анвар, санаи таваллудаш 10. 09. 1998, сокини шаҳри Ваҳдат;


Шукуров Раҳмоналӣ, санаи таваллудаш 20. 10. 2004, сокини ноҳияи М. Ҳамадонӣ, донишҷӯи Коллеҷи тиббии Тоҷикистон;


Шодиев Меҳриддин, санаи таваллудаш 31. 03. 2002, сокини шаҳри Душанбе;


Азимов Довуд, санаи таваллудаш 21. 02. 1994, сокини шаҳри Душанбе;

Бегматов Бегалӣ, санаи таваллудаш 02. 02. 1992, сокини шаҳри Турсунзода;


Шарипов Зафар, санаи таваллудаш 1969, сокини шаҳри Душанбе;


Саидов Киром, санаи таваллудаш 2003, сокини шаҳри Душанбе;

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin