• Home »
  • ХАБАР »
  • Қаллобони солим худро маъюб вонамуд карда ба талбандагӣ машғул буданд
Қаллобони солим худро маъюб вонамуд карда ба талбандагӣ машғул буданд

Қаллобони солим худро маъюб вонамуд карда ба талбандагӣ машғул буданд

  Бо хуруҷ намудани бемориҳои гуногун то рафт саломатии инсоният ба пурқимматтарин гавҳари ноёб табдил ёфта, инсон барои сиҳату саломат нигоҳ доштани худ талошҳои зиёде мекунад. Мутаассифона баъзе аз афроди ҷисман солиме ҳастанд, ки худро маъюбу дардманд вонамуд карда, бо барангехтани раҳму шафқат ба дили атрофиён ба ҷамъоварии маблағ машғул мешаванд.
  Чунин ҳолатҳои нанговар дар кучаву хиёбонҳои пойтахт низ ба мушоҳида мерасанд. Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт пайваста рейду амалиётҳои профилактикӣ гузаронида шуда, нисбати чунин афроди қаллобу мардумфиреб чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешаванд.

  Аз ҷумла ду нафар чунин мардумфиреб, ки дорои ҷисми солиму бозӯи нерӯманд мебошанд, вале худро маъюб вонамуд карда, бо барангехтани раҳму шафқат ва эҳсоси инсондустӣ дар кӯчаҳои пойтахт, ки ба ҷамъоварии маблағи муфт машғул буданд, муайян ва дастгир карда шуданд.
Инҳо шаҳрвандон:
Ҳайитов Алихон Тағоевич санаи таваллудаш 10. 12. 1997, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Гулистон;


Халосов Бахтиёр Асадуллоевич санаи таваллудаш 6. 05. 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода, деҳаи Шодмон мебошанд.


  Номбурдагон, ки дар асл сиҳат ва ҷисму бозӯи солим доранд, худро маъюб ва дардманду муҳтоҷ вонамуд карда, дар роҳи мошингузар бо ба вуҷуд овардани вазъияти хатарнок ба талбандагӣ машғул буданд.


  Қобили таъкид аст, ки гарчанде қаблан нисбати Ҳайитов Алихон барои чунин амалҳои мардумфиребонааш чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуда бошад ҳам номбурда аз ин кирдорҳои нанговари худ даст накашида, боз дар кӯчаҳои пойтахт худро маъюб нишон дода, ба ҷамъоварии маблағи муфт машғул буд.


  Номбурдагон то ба дараҷае моҳирона худро маъюб нишон медиҳанд, ки дар дили ҳар роҳгузар эҳсоси раҳму шафқатро ба вуҷуд оварда, ба онҳо дасти кӯмак дароз мекунанд. Шаҳрвандон намедонанд, ки номбурдагон на маъюб балки ҷисман солим буда, танҳо ба хотири бо ин роҳ маблағ ба даст овардан ба ин кор машғул мебошанд.


  Вобаста ба ин нисбати ҳар ду протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.
  Воқеан ин амали ноҷавонмардонаи чунин афрод ба нангу номус ва шаъну шарафи инсонӣ доғ оварда, боиси озурдахотирии сокинону шаҳрвандон махсусан меҳмонони хориҷии пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе мегарданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin