• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Пойгаи ронандагони автобус (навор): Ҷаримабандӣ ва аз кор озод гардидани ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ
Пойгаи ронандагони автобус (навор): Ҷаримабандӣ ва аз кор озод гардидани ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ

Пойгаи ронандагони автобус (навор): Ҷаримабандӣ ва аз кор озод гардидани ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ

  Риояи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пеш аз ҳама ба пешгирии садаманокӣ ва ҳодисаҳои нохӯши роҳу нақлиёт мусоидат намуда, ҳамзамон ҳаракати бехатару бонизоми шаҳрвандону дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳро таъмин менамояд. Махсусан ронангони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва хизматрасонии ҷамъиятӣ машғуланд ба таври ҳатмӣ бояд Қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намуда, ҷони худ ва дигар шаҳрвандонро зери хатар нагузоранд!!!.
  Аммо ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ байни ҳамдигар ба хотири гирифтани мусофири бештар сабқат ва пойгаи ғайриқонунӣ намуда, ҳолати садамавӣ ва хатарнокро ба миён меоранд.


  Чунин як ҳолати нанговару пойгаи ғайриқонунӣ дар натиҷаи омӯзиш ва мавриди санҷиш қарор додани муроҷиат ва навори ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намудаи як нафар сокини пойтахт муайян карда шуд. Дар навори ирсолнамудаи шаҳрванд дида мешавад, ки ду ронандаи воситаи нақлиёти ҷамъиятии автобус, ки дар дохилашон мусофирони зиёде ҳузур доранд, байни ҳамдигар пойга намуда, ҳолати садамавиро ба миён овардаанд.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ронандагони мазкур шаҳрвандон:
Бердиев Саидмумин Баҳриддинович – ронандаи автобуси тамғаи АКИА, рақами қайди давлатиаш 0023ТТ05;


Закиров Абдусалом Турсунқулович – ронандаи автобуси тамғаи АКИА, рақами қайди давлатиаш 8231 ТТ 05 мебошанд.


  Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати ҳар ду ронандагон бо моддаи 326 иловаи 1 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд, ки тибқи муқаррароти ин модда барои кирдори содирнамудаашон ҳар як ронандаро дар алоҳидагӣ ҷарима ба андозаи аз 250 то 300 нишондиҳанда, баробар ба аз 14 ҳазору 500 сомонӣ то 17 ҳазору 400 сомонӣ бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 2 сол таҳдид мекунад.
Ҳамзамон дар асоси Фармоиши роҳбарияти Корхонаҳои воҳиди давлатии “Автобус 1” ва “Автобус 3” ронандагон Бердиев Саидмумин ва Закиров Абдусалом аз вазифаҳои ронандагӣ озод карда шуданд.

  Илова бар ин, барои беназоратӣ, набурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни ронандагон оиди рияои ҳатмии талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳ нисбати нозирони бехатарии ҳаракати роҳи Корхонаҳои воҳиди давлатии “Автобус 1” ва “Автобус 3” тибқи талаботи моддаи 341 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои минбаъд аз ҷониби ронандагони дигар такрор накардани ҳолатҳои мазкур Амрномаҳои БДА супорида шуд.
  Бо истифода аз фурсат, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба шаҳрванде, ки худро бетараф нагирифта, ҳолати пойгаи ронандагонро наворбардорӣ ва ҷиҳати баррасӣ ба мақомоти милитсияи пойтахт ирсол намудааст, изҳори сипос намуда, аз дигар шаҳрвандон низ хоҳиш менмаояд, ки баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо мақомоти милитсия дар иртибот бошанд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin