Ҳабси марди бадахлоқ

Ҳабси марди бадахлоқ

  Иҷрои амалу рафтори ноишоиста махсусан ҳаракатҳои ғайриахлоқӣ ва ба ин тартиб поймол намудани ҳуқуқу манфиатҳои бонувону занон аз ҷониби афроди ҷиноятпешаву қонуншикан боиси ба миён омадани норозигии шаҳрвандон гардида, ҷиҳати таъмини волоияти қонун аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт чунин афрод боздошт ва мавриди чораҷӯӣ қарор дода мешаванд. Аз ҷумла як нафар ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расмҳои як нафар ҷавонмард аз мақомоти милитсяи пойтахт дархост намуд, то нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Зеро ҳангоми гузаштан аз роҳи зеризаминии назди Бозори «Саховат» нисбаташ ҳаракатҳои ғайриахлоқӣ намуда, бо ин тартиб шаъну шарафашро дар назди атрофиён поймол кардааст.
  Зимни гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷавони дар расмҳо инъикосёфта шаҳрванд Ҳамидов Диловар Фахриддинович санаи таваллудаш 10. 08. 1978 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Сомон мебошад. Баъд аз ба мақомоти милитсия дастрас гардидан дар натиҷаи пурсиши гумонбар ва дигар шоҳидони ҳодиса муайян гардид, ки дастгиршуда Ҳамидов Диловар ҳангоми убури гузаргоҳи зеризаминӣ дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда дастдарозӣ намуда, ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додаст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда Ҳамидов Диловар тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо Қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin