• Home »
  • ХАБАР »
  • Суиқасд ба одамкушӣ: Донишҷӯ деканро бо корд зарба зад
Суиқасд ба одамкушӣ: Донишҷӯ деканро бо корд зарба зад

Суиқасд ба одамкушӣ: Донишҷӯ деканро бо корд зарба зад

  Устод нафари таълимдиҳандаву раҳнамо ва тарбиятгару мураббӣ буда, пайваста талош меварзад то шогирдонаш пеш аз ҳама илму дониш аз бар намудаву инсони баркамол ва мутахассису донишманд ба камол расанд. Аз ин ҷост, ки бузургон гуфтаанд қадри устод аз падар беш аст.
  Мутаассифона, баъзе аз шогирдон аз лиҳози костагии ахлоқу набудани одоб қадру қиммат ва эҳтироми устодро нашинохта, нисбати устодони худ беэҳтиромӣ ва дар бадтарин ҳолат даст ба сӯи устод баланд намуда, ҳатто дар баъзе маврид қасди куштори ӯро мекунанд.
  Чунончи, гумонбаршаванда Давлятов Айниддин Нуриддинович санаи таваллудаш 10.08.2000, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, ки донишҷӯи бахши дуюми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад, аз ҷониби кормандони милитсия пойтахт бо ҷурми суиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.


  Зимни чорабиниҳои тафтишотӣ муайян гардид, ки номбурда санаи 28-уми январи соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, декани Факултети менеҷменти байналмилалии донишгоҳи номбурда Имомназаров Музафар Аҳмадҷонович соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Душанберо дар назди утоқи кориаш воқеъ дар донишгоҳи мазкур бо корд 1 маротиба ба шикамаш задааст. Дар натиҷа, омӯзгор ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
  Чуноне санҷиш ва тафтиши раванди таҳсилоти гумонбаршаванда Давлятов Айниддин дар донишгоҳи мазкур муайян намуд, номбурда ба таври доимӣ ба дарсҳо ҳозир нагардида, дар баробари ин нисбати устодон беэҳтиромӣ зоҳир намуда, аз имтиҳонҳо низ қарздор будааст. Декани факултети мазкур ба хотири фаҳмидани мушкилоти донишҷӯ падари гумонбаршуда шаҳрванд Давлятов Нуриддинро ба донишгоҳ даъват намуда, аз раванди таҳсилот, одобу ахлоқ ва мушкилоти фарзандаш ӯро огоҳ намудааст.
  Дастгиршуда Давлятов Айниддин аз он ки падараш аз нахондану қарздории ӯ аз имтиҳонҳо тавассути декани факултет огоҳ шуда, ӯро сарзаниш кардааст нақшаи аз ҳаёт маҳрум сохтани деканро тарҳрезӣ намудааст. Бо ин мақсад, санаи 28-уми январи соли ҷорӣ бо корд мусаллаҳ гашта, декани факултети худро дар назди утоқи кориаш бо корд захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.
  Воқеан ин амали басо нангину ҷиноятии донишҷӯ, ки вазифаи ӯ танҳо омӯхтани илму дониш аст, боиси нигаронист. Номбурда ба ҷойи он ки аз пайи ислоҳи кабудиҳои худ шуда, бештар таҳсил намояд, қасди куштори устоди худро кардааст, ки дар назди қонун ҷавоби сангинеро интизор хоҳад гашт.
  Айни замон нисбати дастгиршуда Давлятов Айниддин тибқи талаботи моддаи 32-қисми 3 – 104 қисми 1 (суиқасд ба одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба ӯ ҳабс ба муҳлати аз 8 то 15 сол таҳдид мекунад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin