Боздошт ва ҷаримабандии фолбин (навор)

Боздошт ва ҷаримабандии фолбин (навор)

  Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ яке аз амалҳои нописандидарин ба шумор меравад. Мутаассифона новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ҳастанд нафароне, ки ба чунин амал машғул шуда, бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон маблағ мерӯёнанд.
  Кормандони милитсияи пойтахт зимни як амалиёт муайян намуданд, ки шаҳрванд Абдуллоева Зуҳро Иброҳимовна соли таваллудаш 1972 истиқоматкунандаи ш. Душанбе кучаи Н. Ҳувайдуллоев ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул аст.


  Номбурда худро ҳамчун табиби халқи муаррифӣ намуда, вале дар асл бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт, гӯиё ба дарди шаҳрвандон даво мебахшида бошад, шаҳрвандонро дар манзили истиқоматии худ сеҳру ҷоду мекардааст, ки зимни азназаргузаронии манзилди истиқоматии номбурда як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду истифодашаванда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.


  Таассуфовар аст, ки баъзе аз шаҳрвандон ба чунин афрод бавар карда, ба ҷойи муроҷат ба тибби муосир аз чунин мардумфиребон дармони дард меҷӯянд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Абдуллоева Зуҳро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд. Ҳамзамон барои минбаъда ба ин амал марбумфиребона машғул нашудан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin