Амалиёти БДА: Пешгирии ифлосшавии кӯчаву роҳҳои пойтахт

Амалиёти БДА: Пешгирии ифлосшавии кӯчаву роҳҳои пойтахт

  Тайи солҳои охир бо иқдоми созандаву бунёдкоронаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе як қатор лоиҳаҳои таъмиру таҷдид ва азнавсозии кӯчаву роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе, ки фаъолияти бехатар ва ботаҳкими системаи нақлиётиро дар хиёбону кӯчаҳои пойтахт таъмин менамояд амалӣ гаштаистодаанд. Дар баробари ин баъзе омилҳое вуҷуд доранд, ки ба бармаҳал вайроншавии кӯчаву роҳҳо ва косташавии онҳо мусоидат менамоянд.
  Ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои вайроншавии бармаҳал ва косташавии ҳусни кӯчаю хиёбонҳои пойтахт, ифлосшавии муҳити зист, пешгирии истифодабарии воситаҳои нақлиёти боркашонии бо намуди зоҳирии ифлос, тибқи нақшаи таҳиягардидаи Раёсати Вазорати корҳои дохилдӣ дар шаҳри Душанбе дар хиёбону кӯчаҳои пойтахт пайваста чорабиниҳои мақсаднок гузаронида мешавад.


  Зимни баргузории як чорабинии мақсаднок нисбати зиёда аз 150 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашон, ки қоидаҳои бехатариро риоя накарда, ҳангоми фаъолияти корӣ ба ифлос намудани муҳити зист даст задаанд, тибқи моддаи 322 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор ирсол гардиданд.


  Илова бар ин ба роҳбарони 18 иншоотҳои сохтмонӣ ва биноҳои истиқоматии баландошёна амрномаҳои мақомоти давлатии БДА супорида шуданд.
  Роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз масъулини корхонаю идораҳои сохтмонӣ новобаста аз шакли моликияташон, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми амалӣ намудани интиқоли бору масолеҳи сохтмонӣ ҳамаҷониба талаботҳои меъёру қоидаҳои сохтмониро қатъиян риоя намоянд.

Гузориши муфассали видеоиро ин ҷо бубинед.

 

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin