• Home »
  • ХАБАР »
  • Халалрасонӣ дар вақти рақс (навор): Муноқишаи гуруҳии 6 нафар ҷавондухтарон ва боздошту оғози парвандаи ҷиноятӣ
Халалрасонӣ дар вақти рақс (навор): Муноқишаи гуруҳии 6 нафар ҷавондухтарон ва боздошту оғози парвандаи ҷиноятӣ

Халалрасонӣ дар вақти рақс (навор): Муноқишаи гуруҳии 6 нафар ҷавондухтарон ва боздошту оғози парвандаи ҷиноятӣ

  Гарчанде борҳо аз амалу кирдори нанговару зишт ва доғдоркунандаву ҷинояткоронаи бархе аз бонувону занон иттилоъ дода бошем, вале мутаассифона ҳанӯз ҳам баъзе ҷавонзаноне ҳастанд, ки бо амалу рафтори худ ба номи поки зан – модар доғ меоваранд. Мутаассифона, вақтҳои охир ҳодисаҳое аз қабили авбошиву вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва халалдор сохтани осоиштагии шаҳрвандон бо иштироки ҷавонзанон дар ҷойхои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда истодаанд, ки дар натиҷа боиси ба ҷавобагрии ҷиноятӣ ҷалб гардидани ин “насли тарбиятгар” мегардад.
  Аз ҷумла, чунин як ҳодисаи нангину ҷиноятӣ, ки дар маркази дилхушии «Аура» воқеъ дар кӯчаи М. Турсунзода рух дода буд, нафарони гумонбар дастгир ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуданд.
    Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ду гурӯҳ ҷавонзанон аз ду ҷониб, аз як тараф шаҳрвандон:
Қиронова Шаҳноза Қодирҷонова санаи таваллудаш 28.02.1998, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Восифӣ;


Зайналова Алсу Темуровна санаи таваллудаш 08.10.2000, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Ғафуров;

ва аз ҷониби дигар шаҳрвандон:
Шпирнова Олга Вадимовна санаи таваллудаш 06.05.2001, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Л. Толстой;


Ибрагимова Нигора Азизмуродовна санаи таваллудаш 08.05.1995, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев;


Ҷураева Озода Ойбековна санаи таваллудаш 21. 02. 2002, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ;


Нуралиева Сабрина Баҳромовна санаи таваллудаш 25. 05. 2000, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ;


бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
  Чуноне дар рафти пешбурди корҳои тафтишотӣ, навори ҷои ҳодиса ва пурсиши гумонбарон муайян карда шуд, сабаби муноқишаи мазкур “расидани китфи яке ба китфи дигаре дар вақти рақс ва ба ин тартиб халал расонидан ба истироҳати ҳамдигарӣ” унвон гардидааст. Дар ин замина номбурдагон ба ҳамдигар дарафтода, бо мушту пой ва зарфҳои шишагин якдигарро латукӯб намуда, ҳамзамон ба эроди атрофиён аҳамият надода, тартиботро дар мавзеи ҷамъиятӣ ба таври дағалона ва ба муддати тулонӣ вайрон кардаанд.


  Зимни пурсиш гумонбарон ба кирдорҳои содирнамудаашон иқрор гардида, изҳори пушаймонӣ аз он доранд, ки ба ҷойи машғул гардидан ба амалу рафтори неку намунавӣ, номи худро доғдор ва пайвандонашонро шармсор намудаанд.
  Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати ҳамаи боздоштшудагон тибқи талаботи моддаи 237 қисмҳои 2 ва 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin