Таҳқиқи навор: Боздошти ронандаи фирорӣ

Таҳқиқи навор: Боздошти ронандаи фирорӣ

  Чандест дар расонаҳои иҷтимоии интернетӣ навори ҳолати садама ва аз ҷойи ҳодиса фирор кардани ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Кемрӣ» рақами қайди давлатиаш 2001ОQ 01 нашр гардида, мавриди вокуниши васеи шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Дар зимн шаҳрвандон бо ирсоли навори мазкур аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ дархост намудаанд, ки нисбати ронандаи фирорӣ чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.


  Мақомоти милитсияи пойтахт дар заминаи муроҷиати корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ садамаи мазкурро мавриди баррасӣ ва санҷиши ҳаматарафа қарор дода, аз натиҷааш чунин иттилоъ медиҳад.
  Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Кемрӣ» рақами қайди давлатиаш 2001ОQ 01, шаҳрванд Ҳасанов Мубин Абдуҷабборович санаи таваллудаш 31.03.1997 истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мебошад. Номбурда санаи 10-уми декабри соли ҷорӣ ҳангоми ҳаркат тавассути кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе зимни бозистодан ба амри ранги сурхи чароғаки роҳнамо ва баъди сабз шудани ранги чароғак ба таври шитобкорона ва якбора бо суръати баланд автомашинаро ба ҳаракат даровардааст, ки дар ин лаҳза пиёдагарди ноболиғ, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанберо, ки дар чароғаи сурх роҳро убур мекард, зада аз пой афтондааст. Чуноне дар навор дида мешавад, ронандаи мазкур ба ҷои он, ки ба ҷабрдида кумаки лозима расонад, баръакс бо суръати баланд аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.

  Баҳри муайян ва боздошт намудани ронандаи мазкур як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуд. Муайян гардид, ки номбурда худи ҳамон рӯз ба хотири аз ҷавобгарӣ пинҳон мондан рақамҳои автомашинаи худро иваз намуда, рақамҳои нав, яъне 0327 АВ 01-ро ба расмият дароварда, ҳамзамон автомашинаи худро ба ноҳияи Муъминобод бурда пинҳон кардааст. 

  Кормандони милистияи пойтахт дар натиҷаи пешбурди чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳолати мазкурро муайян ва автомашинаи номбурдаро аз ноҳияи Муъминобод ба ҷаримагоҳи муваққати Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас намуданд.

  Мавриди зикр аст, ки дар доираи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ҷабрдида низ муайян карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд, ки у ноболиғ А.Н. соли таваллудаш 2005, хонандаи синфи 8-и яке аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино буда, баъди гузаронидани ташхисҳои тиббӣ муайян карда шуд, ки хушбахтона бар асари садама ягон ҷароҳат набардоштааст.

  Айни ҳол нисбати шаҳрванд Ҳасанов Мубин тибқи талаботи моддаҳои 334 ва 333 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суд ирсол карда шудааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin