• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҷамъбасти озмуни «Китобхони беҳтарин» дар милитсияи шаҳри Душанбе
Ҷамъбасти озмуни «Китобхони беҳтарин» дар милитсияи шаҳри Душанбе

Ҷамъбасти озмуни «Китобхони беҳтарин» дар милитсияи шаҳри Душанбе

  Китобхонию китобдорӣ, мутолиаи асарҳои илмию бадеӣ ва омӯхтани илму дониш ҳамеша баҳри ғанигардонии тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва пешбурди ҳаёти солим барои ҳар як инсон амали басо муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки ҳамеша олимону орифон хонишу ҷустуҷӯӣ илму донишро тавсия додаанд.
  Бе шубҳа аз бар намудани илму дониш ҳамеша инсонро ба роҳи рост ҳидоят намуда, аз иҷрои амалҳои зишт боз медорад, ин нуктаро Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтинанти милитсияи Назарзода Ш.Р. дар ҷараёни баргузории маросими ҷамъбастии озмуни «Китобхони беҳтарин» дар байни кормандони милитсияи пойтахт иброз дошт.


  Чуноне номбурда таъкид намуд, иқдоми басо наҷибу саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани донишу маърифат, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, огоҳӣ аз таъриху тамаддун, дуруст ба роҳ мондани муоширату муносибат, ки дар заминаи мутолиаи китоб ба даст меянд, баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» вокеан қобили таҳсину ҷонибдорист.


  Мавриди зикр аст, ки кормандони мақомоти корҳои дохилии пойтахт низ дар баробари мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ аз мутолиа дур набуда, баҳри баланд бардоштани савияи илмиву маҳорати касбӣ доимо дар мутолиа мебошанд. Аз ҷумла, дар миёни кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ баҳри боз ҳам баланд бардоштани завқи китобхонӣ озмуни «Китобхони беҳтарин» гузаронида шуд.


  Озмуни мазкур дар ду давр, даври якум дар байни кормандони Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва даври дуввуму ҷамъбастӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо доварии Муовини аввали сардори РВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пӯлодӣ, Директори институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шарифзода Боймурод, корманди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Ятимзода Акбар, бо иштироки 30 довталаб гузаронида шуда, ғолибони озмун муайян карда шуданд.


  Аз рӯи натиҷаҳои баргузории озмуни «Китобхони беҳтарин» ҷойи аввалро Қаландарзода Омина, нозири гурӯҳи таҳлилии Шуъбаи нозиротӣ-ташкилии РВКД дар шаҳри Душанбе, ҷойи дуввумро лейтенанти милитсия Рустамов Маҳмаднабӣ, корманди ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе ва ҷойи сеюмро Ҳошимова Бибимарям корманди котиботи Раёсат ишғол намуданд. Ғолибон дар ҷаласаи тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти милитсияи пойтахт бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
 

 Ҳамзамон се нафар иштирокчии фаъоли озмуни мазкур низ бо Ифтихорномаҳои фахрӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin