• Home »
  • ХАБАР »
  • Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ
Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар асоси муроҷиати шаҳрвандон, ҷиҳати боздошт ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани як гурӯҳ ҷавонон, ки санаи 15-уми декабри соли ҷорӣ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдасӣ байни ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд, як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ намуда, сабабу омилҳои сар задании авбошии мазкур муайян ва нафарони гумонбар дастгир карда шуданд. Бояд гуфт, ки навори муноқишаи мазкур дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ низ нашр гардида, мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон қарор гирифтааст.


  Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои оперативию тафтишотӣ муайян карда шуд, ки санаи 15-уми декабри соли ҷорӣ тақрибан соати 03:30 дақиқа шаҳрвандон:
Давлатов Сунатулло Саидбекович санаи таваллудаш 15. 01. 1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоати Чимтеппа деҳаи Сомон;


бо ҳамроҳии шаҳрванд Расулова Сабоҳат санаи таваллудаш 01. 07. 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсӣ байни ҳамдигар дағалона рафтор намуда, якдигарро дашномҳои қабеҳ намудаанд.


  Муноқишаи лафзии онҳоро дида, шаҳрванд Раҷабов Таваралӣ санаи таваллудаш 27.07.1997, зодаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, деҳаи Пистамазор мехоҳад аз ҳамдигар раҳо созад.


  Дар ин замон шаҳрванд Сунатулло Давлатов бо ҳамроҳии шаҳрванд, Иброҳимов Бахтиёр Зоирович, санаи таваллудаш 17. 03. 2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Нахимов, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо шаҳрванд Раҷабов Таваралӣ дарафтода, ӯро маврии латукӯб қарор додаанд, ки ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.


  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати Давлатов Сунатулло ва Иброҳимов Бахтиёр тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin