• Home »
  • ХАБАР »
  • Мусодираи наздик ба 500-ҳазор маводҳои пиратехникӣ (хлопушка) дар 21-ҳолат
Мусодираи наздик ба 500-ҳазор маводҳои пиратехникӣ (хлопушка) дар 21-ҳолат

Мусодираи наздик ба 500-ҳазор маводҳои пиратехникӣ (хлопушка) дар 21-ҳолат

  Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ҷиҳати пешгирии истифодабарӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводҳои пиратехникӣ ҳамоно шаҳрвандону тоҷироне ҳастанд, ки ба хотири ба даст овардани манфиат талаботи қонунгузориро сарфи назар намуда, ба фурӯши воситаҳои тарфгарӣ машғул мешаванд. Ин амали онҳо боиси паҳн гаштани маводҳои пиратехникӣ ва истифодаи бемавриди он боиси халалдор гаштани фазои ороми ҷомеа мегардад.


  Аз ҷумла ҳафтаи сипаришуда, кормандони милитсияи пойтахт дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативию санҷишӣ шаҳрванд Бобоев Насим соли таваллудаш 1999 сокини шаҳри Душанберо бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводҳои пиратехникӣ дастгир намуданд. Зимни кофтуков аз номбурда дар маҷму 96-қуттӣ маводҳои пиратехникии навъӣ «Трения» дарёфту мусодира карда шуд, ки дар маҷмӯъ 43-ҳазору 200-донаро ташкил медиҳанд.


  Воқеан, бемаврид истифодабарии чунин маводҳои тарканда, дар рӯзҳои ҷашни Соли нави мелодӣ боиси халалдор гаштани осоиштагии шаҳрвандон ва расонидани таъсири манфӣ ба беморону кӯҳансолон мегардад. Аз ин лиҳоз мувофиқи қунонгузории кишвар истифодабарӣ ва муомилоти он манъ гардидааст.
  Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби милитсияи пойтахт дар натиҷаи пешбурди чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ давоми моҳи декабри соли ҷорӣ дар 21-ҳолат дар маҷму зиёда аз 440-ҳазор дона маводҳои пиратехникӣ (хлопушка) дарёфту мусодира шуда, нисбати 25-нафар барои муомилоти ғайриқонунии тибқи талаботи моддаи 199 иловаи яки Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикитсон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот ҷараён дорад.


 Аз фурсати муносиб истифода бурда роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе кулли шаҳрвандон, махсусан сокинони пойтахтро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрику муборакбод менамояд. Дар ин замина аз кулли шаҳрвандон,меҳмонону сокинони пойтахт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзи таҷлили Соли нави мелодӣ амалу рафтори фарзандону пайвандони худро зери назорат қарор дода, нагузоранд онҳо бо истифода аз маводҳои таркандаи пиратехникӣ фазои орому осоиштаи пойтахро халалдор созанд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin