Таҳқиқи навор: Ҷаримабандии ронанда барои гаппартоӣ ва озори ҷавонзан

Таҳқиқи навор: Ҷаримабандии ронанда барои гаппартоӣ ва озори ҷавонзан

  Як нафар ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе, ки истифодабарандаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад бо ирсоли наворе аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуд, то нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра» рақами қайди давлатиаш 0061 вн 01 чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ба иттилои номбурда ронандаи автомашинаи мазкур ӯро таъқиб ва гаппартоӣ намудааст.


  Зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ронандаи автомашиинаи тамғаи «Опел астра» рақами қайди давлатиаш 0061 вн 01, шаҳрванд Бобобеков Хушбахт Рустамович санаи таваллудаш 29. 11. 1996 сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Фирдавсӣ мебошад, ки боздошт ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд. Дар натиҷаи пурсиш номбурда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат санаи 4-уми декабри соли ҷорӣ дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба воситаи автомашинаи худ ҷавонзани муроҷиаткунандаро, ки роҳгузар буд, таъқиб намуда, бо суханони ноҷо ҷавонзани муроҷиаткунандаро мавриди озор қарор додааст.   


  Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати ҷавони дағалгуфтор Бобобеков Хушбахт тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд аз санаи 8-уми декабри соли ҷорӣ нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 406 сомонӣ татбиқ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin