• Home »
  • ХАБАР »
  • Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт
Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт

  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 32-104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
  Номбурда, санаи 14-уми августи соли равон, дар кӯчаи Н.Ҳасани шаҳри Ваҳдат автомашинаи шахсии марди 34-солаи сокини ноҳияи Сино, тамғаи “Мерседес-Бенс”-ро барои таъмир қабул намуда, воситаи нақлиётро бе иҷозати соҳибаш ғайриқонунӣ бидуни мақсади тассаруф ҳай карда дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда ба автомашинаи мазкур осеби техникӣ расонидааст.
  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin