• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навор: Ҳабс ва ҷаримабандии бародарон барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ
Таҳқиқи навор: Ҳабс ва ҷаримабандии бародарон барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

Таҳқиқи навор: Ҳабс ва ҷаримабандии бародарон барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Санаи 16-уми сентябри соли ҷорӣ як қатор истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоии интренетӣ бо ирсоли наворе, ки дар он ҳолати муноқишаи як гурӯҳ ҷавонон инъикос ёфтааст, аз Раёсати ВКД дар ш. Душанбе дархост намуданд то нисбати ин ҳодиса баҳои қонунӣ дода шавад.


  Дар натиҷаи пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дар як муддати кутоҳ нафароне, ки байни ҳамдигар муноқиша ва тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.
  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки санаи мазкур тахминан соати 12:00 дақиқа бародарон:
Одинаев Фирӯз Бекмуродович санаи таваллудаш 1985, сокини ш. Душанбе кӯчаи Соҳилӣ;


Одинаев Фаррух Бекмуродович санаи таваллудаш 15.01.1989. сокини ш. Душанбе кӯчаи Соҳилӣ;


ҳангоми дар кӯчаи мазкур қарор доштан нисбати шаҳрванд Сафиев Насим Шамсидинович санаи таваллудаш 25.05.1990. сокини ш. Душанбе кӯчаи Соҳилӣ;


беэҳтиромӣ зоҳир намуда ӯро мавриди дашному ҳақорат ва латукуб қарор додаанд. Ҳолати муноқишаи номбурдагон дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ нашр гардида, мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати бародарон Фирӯз ва Фаррух Одинаевҳо барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суди н. Фирдавсии ш. Душанбе аз 18-уми сентябри соли ҷорӣ нисбати шаҳрванд Одинаев Фаррух ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз ва нисбати бародараш Одинаев Фирӯз ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin