Садамаи нақлиётӣ (Навор)

Садамаи нақлиётӣ (Навор)

  Санаи 21. 09. 2020 тахминан соатҳои 23:00 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота – Каролла» рақами қайди давлатиаш 2531 RX 01, Ёров Нурмуҳаммад Ромишоевич санаи таваллудаш 23.05.2002. истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Крупский ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи А. Сино аз самти кучаи И. Сомонӣ ба самти кӯчаи Шамсӣ аз ӯҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.

Дар натиҷа ҷавонзани пиёдагард ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
  Мавриди зикр аст, ки навори садамаи мазкур дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ нашр гардида, вокунишҳои шаҳрвандонро ба миён овардааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, санҷиш ҷараён дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin