Боздошти ронандаи фирорӣ (Навор)

Боздошти ронандаи фирорӣ (Навор)

  Санаи 4-уми сентябри соли ҷорӣ дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати ба садама дучор шудани як автомашинаи тамғаи «БМВ» таҳти идораи ҷавондухтар ва аз ҷои ҳодиса фирор намудани он нашр гардида, мавриди вокунишҳои шаҳрвандон қарор гирифт.
  Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ҷиҳати муайян ва боздошт намудани ронандаи мазкур як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, дар натиҷа соҳибмулки автомашинаи мазкур ва ҷавонзани ронанда дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.


  Муайян карда шуд, ки санаи мазкур шаҳрванд Ҷайлобов Умедҷон Раҳмонович санаи таваллудаш 16.04.1989. истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Қиблаии н. Рӯдакӣ автомашинаи шахсии худ тамғаи «БМВ-730» рақами қайди транзитиаш К 4277 О 02-ро ҳангоми дар кӯчаи Ҳ. Шерозӣ қарор доштан дидаву дониста таҳти идораи ҷавондухтари ноболиғ шаҳрванд У.М., ки ҳуҷҷати ронандагӣ надорад вогузор намудааст.

  Дар натиҷа зимни идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ҷавондухтар талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дағалона вайрон гардида, ба автомашинаи тамғаи «Хонда» рақами қайди давлатиаш 3694 НН 01, ки дар канори роҳ қарор дошт бархурдааст. Дар натиҷа ҳарду воситаи нақлиёт зарари техникӣ дидаанд.


  Чуноне дар навори нашргардида дида мешавад, пас аз рух додани ин ҳодиса дарҳол шаҳрванд Ҷайлобов Умедҷон идораи воситаи нақлиётро ба уҳдаи худ гирифта, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати соҳибмулки воситаи нақлиёт, шаҳрванд Ҷайлобов Умедҷон, ки дидаву дониста автомашинаи худро таҳти идораи шахси бе ҳуҷҷати ронандагӣ вогузор намудааст, тибқи талаботи моддаи 336 қисми -2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҶТ ва нисбати ҷавондухтар тибқи талаботи қисми 3-юми ҳамин модда протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Бо ин модда соҳибмулки атвтомашинаро ҷримаи маъмурии зиёда аз 11-ҳазор сомонӣ ва ҷавондухтарро зиёда аз 17-ҳазор сомонӣ таҳдид мекунад.
  Ҳамзамон номбурда ҷиҳати таъмири автомашинаи ҷабрдида вазифадор карда шудааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin