• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навор: Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҳарду иштирокчёни ҳодисаи авбошӣ
Таҳқиқи навор: Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҳарду иштирокчёни ҳодисаи авбошӣ

Таҳқиқи навор: Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҳарду иштирокчёни ҳодисаи авбошӣ

  Санаи 6-уми августи соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати дар натиҷаи латукуб ба замин афтода хобидани як ҷавонзане инъикос ёфтааст. Зимнан истифодабарандгони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуданд, то ҳолати мазкур мавриди санҷиш қарор дода шуда, нисбати гумонбарон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.


  Вобаста ба таҳиқиқи ҳамаҷонибаи ин навор аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, сабабу омилҳои сар задании ин ҳодисаи нанговар муайян ва нафари гумонбар дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас гардид.
  Дар натиҷа муайян карда шуд, ки санаи мазкур шаҳрванд Мирзоумаров Фарҳод Файзиддинович соли таваллудаш 11.05.1988, истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ, деҳаи Роҳатӣ ҳангоми қарордошт дар кӯчаи С.Вализодаи н. Шоҳмансур бо шаҳрванд Содиқова Мавлуда Фарҳодовна соли таваллудаш 2.03.1993, истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ, маҳаллаи Болошаҳр, фурӯшандаи обҳои ташнашикани минералӣ баҳсу муноқиша намудааст.


  Чуноне дар ҷараёни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян гардид, дар ҷараёни муноқишаи лафзӣ шаҳрванд Содиқова Мавлуда бо пояи оҳанини чатри калон ба сару рӯи шаҳрванд Мирзоумаров Фарҳод якчанд маротиба зарба задааст, ки аз ин ҳол гумонбаршаванда Мирзоумаров Фарҳод ба хашму ғазаб омада, баъди аз дасти духтар кашида гирифтани пояи оҳанин охиронро мавриди латукуби шадид қарор додаст, ки дар натиҷа ҷавонзани 27 сола бо гирифтани ҷароҳарҳои ҷисмонӣ беҳуш шуда, ба замин афтодааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур айни ҳол нисбати дастгиршуда Мирзоумаров Фарҳод тибқи талаботи моддаи 237 қисми 3 (бо татбиқи ҳабси пешакӣ) ва нисбати ҷавонзани 27 сола Содиқова Мавлуда тибқи талаботи моддаи 237 қисми 1 (бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin