• Home »
  • ХАБАР »
  • 10-шабонарӯз ҳабс барои беэҳтиромӣ нисбат ба модар
10-шабонарӯз ҳабс барои беэҳтиромӣ нисбат ба модар

10-шабонарӯз ҳабс барои беэҳтиромӣ нисбат ба модар

  Санаи 23-юми августи соли ҷорӣ тахминан соати 20:20 дақиқа сокинони кӯчаи Ф. Муҳаммадиеви н. Сино ба мақомоти милитсия дар он хусус муроҷиат намуданд, ки нисбати як нафар ҷавонписари сокини кӯчаи мазкур, ки дар вақти шабона бо баланд намудани овоз ва дашному ҳақорат нисбати модари худ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, ба осоиштагии шаҳрвандон халал ворид сохтааст, чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад.
  Баъд аз ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардидан аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки шаҳрванд Қараев Аҳмад Пулодович соли таваллудаш 14.02.1984. истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Ф. Муҳаммадиев дар ҳолати мастӣ дар кӯчаи мазкур тартиботи ҷмъиятиро вайрон намуда, дар назди манзили истиқотиашон бо модари пиронсоли худ муноқиша ва нисбаташ беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ӯро мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додаст. Ин амали ӯ мавриди вокуниши шаҳрвандон ва истиқоматкунандагони бинои мазкур қарор гирифта, ҷиҳати андешидени чораҳои дахлдори қонунӣ ба кормандони милитсия муроҷиат намудаанд.


  Воқеан ин нафари зиштсират ҷойи он ки модари худро чун гавҳараки чашм эҳтиром намояд, баръакс ба майнӯшӣ машғул шудаву модари муштипари худро дар назди ҳамсоягону дигар шаҳрвандон мавриди дашному ҳақорат қарор дода, шаъну шарафашро дар назди атрофиён паст задааст. Ин амали ӯ хилофи тамоми оин ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ буда, нисбати чунин афроде, ки нисбат ба волидайни худ беэҳтиромӣ зоҳир намуда, онҳоро мавриди озор қарор медиҳанд, тибқи қонунгузорӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Қараев Аҳмад Пулодович парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикстон тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin