Ҷаримабандӣ барои шикастани оинаи истгоҳ

Ҷаримабандӣ барои шикастани оинаи истгоҳ

  Созандагӣ, ободкорӣ ва зебо намудани муҳити атроф мақсаду мароми роҳбарияти кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин раванд рӯз аз рӯз корҳои азнавсозӣ вусъати тоза пайдо намудааст.
Аммо мутаасифона дар ҷомеа баъзан нафароне ҳастанд, ки на танҳо ба обод сохтани муҳит саҳм мегузоранд, балки бо амалу рафтори ношоистаи худ он ҳама ободиву зебогиҳои бо заҳмати шабонарӯзии дигарон бунёдгардидаро ба таври дағалона вайрон мекунанд, ки ин боиси нигаронист.
  Аз ҷумла санаи 6-уми августи соли ҷорӣ дар натиҷаи баргузории чораҳои профилактикию назоратӣ аз ҷониби нозирони минтақавии милитсияи шаҳри Душанбе дар кӯчаи Маяковский як нафар ҷовонписар дастгир гардид, ки номбурда оинаи истгоҳи наву замонавии кӯчаи мазкурро зада шикастааст. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Амирхонов Манучеҳр Файзуллоевич соли таваллудаш 1992 зодаи н. Фархор истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковсий мебошад.


  Номбурда санаи мазкур тақрибан соати 03:00 дақиқаи субҳ дар ҳолати мастӣ бо дастонаш оинаи қисмати чапи истгоҳи воқеъ дар кӯчаи Маяковский назди бинои №65-ро зада шикастааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Амирхонов Манучеҳр протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазои дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 406-сомонӣ таъин карда шуд.


  Илова бар ин аз ҷониби волидайни ҷавон зарари расонидашуда барқарор гардида, оинаи шикасташуда харидорӣ ва насб карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin