• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси ҷавондухтар ва ронандаи таксӣ барои бетартибӣ дар вақти шабона (Видео)
Ҳабси ҷавондухтар ва ронандаи таксӣ барои бетартибӣ дар вақти шабона (Видео)

Ҳабси ҷавондухтар ва ронандаи таксӣ барои бетартибӣ дар вақти шабона (Видео)

  Санаи 6-уми августи соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз оинаи қисмати болоии автомашина (люк) баромадан ва рақс намудани як ҷавондухтари тахминан 20-25 сола инъикос гардидааст. Аз рӯи навор дида мешавад, ки ин амали зиддиҳуқуқӣ дар як автомашинаи сабукрави мусофиркашонӣ, ки ба ширкати “Рахш Таксӣ” тааллуқ дорад, сурат гирифта, ронанда ва ҷавондухтари мусофир бо ин кирдорашон ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд оварда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.
  Ин амали ҷавондухтар ва ронандаи автомашинаи мусофиркаш, ки хилофи Қоидаҳои ҳаракати роҳ ва ахлоқу рафтори ҳамидаи инсонӣ мебошад, мавриди вокуниши шадиду манфии шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки нисбати ин ҳолат чораи қонунӣ андешида шавад.

  Вобаста ба ин, дар натиҷаи баргузории як қатор чораҳои дахлдори оперативӣ-санҷишӣ сабабу омилҳои сар задани ин бетартибӣ ва шахсияти ҳуқуқвайронкунандагон муайян ва нисбаташон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуданд.


  Дар натиҷа муайян карда шуд, ки шаҳрванд Асоева Фарида Музаффаровна соли таваллудаш 26.12.1993, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев тақрибан соати 23:35 дақиқаи шаби 5-уми августи соли ҷорӣ ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштан автомашинаи мусофирбари ширкати «Рахш таксӣ» аломати қайди давлатиаш 0418ТТ09, ки таҳти идораи шаҳрванд Раҳматов Мақсад Муминҷонович соли таваллудаш 25.041994, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Р. Набиев қарор дошт, киро намуда, аз самти ноҳияи Фирдавсӣ ба самти ноҳияи Сино равона гардидааст. Ҳангоми ҳаракат шаҳрванд Асоева Фарида талоботи Қоидаҳои ҳаркати роҳро дағалона вайрон намуда, ба ин кирдори зиддиҷамъиятӣ даст задааст.


  Таассуфовараш он аст, ки ин амали ӯро ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Раҳматов Мақсад мушоҳида намуда, эрод нагирифта бо ба вуҷуд овардани ҳолати хатарнок ба идора намудани автомашинаи худ идома додаст.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ҳарду ҳуқуқвайронкунанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд. Дар натиҷаи баррасӣ Суд нисбати шаҳрванд Асоева Фарида ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз ва нисбати ронанда шаҳрванд Раҳматов Мақсад ба муҳлати 10-шабонарӯз таъин намуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin