• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошт аз рӯи навор: Ҷавонони дучархадузд дастгир шуданд
Боздошт аз рӯи навор: Ҷавонони дучархадузд дастгир шуданд

Боздошт аз рӯи навор: Ҷавонони дучархадузд дастгир шуданд

  Санаи 2-юми август дар як қатор расонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати дуздии 2-адад дучарха (велосипед) аз ҷониби ду-се нафар ҷавонписарон инъикос гардидааст. Тавре дар навор дида мешавад гуруҳи ҷавонписарони чапдаст аз торикии шаб истифода бурда, аз назди биное 2-адад дучархаро дуздида, ба самти номаълум ғайб задаанд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати муайян ва дастгир намудани нафарони гумонбар дар ҷинояти дуздӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, бо мусодидати маъмурияти гуруҳи интернетии «Парвиз-ТВ» дар давоми рӯз гумонбарони ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Дар натиҷа муайян карда шуд, ки инҳо шаҳрвандон:
Азизов Саидо Худойназарович соли таваллудаш 18.02.1994, сокини ш. Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев


Каримов Ҷасур Абдураҳимович соли таваллудаш 02.04.2000, сокини ш. Душанбе, кӯчаи А. Деҳотӣ мебошанд.


  Зимни тафтиш ва гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ муайян карда шуд, ки номбурдагон тақрибан соати 4-и субҳи 1-уми август аз зери бинои воқеъ дар кӯчаи Миралии ноҳияи Фирдавсӣ ду адад дучархаро рабудаанд. Баъд аз дастгир гардидани ҷавонони ҳарду дучархаи рабудашуда, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.


  Айни замон нисбати гумонбарон Азизов Саидо ва Каримов Ҷасур барои содир намудани ҷинояти дуздӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати муайян намудани ҳаммаслакони ҷиноии онҳо ва ҳолатҳои дигари даст доштани номбурдагон дар содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ коркардҳои оперативӣ-тафтишотӣ ҷараён доранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin