• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти роҳзанон, ки дасту пои зани 72-соларо баста маблағҳояшро рабудаанд (Видео)
Боздошти роҳзанон, ки дасту пои зани 72-соларо баста маблағҳояшро рабудаанд (Видео)

Боздошти роҳзанон, ки дасту пои зани 72-соларо баста маблағҳояшро рабудаанд (Видео)

  Санаи 10-уми июли соли ҷорӣ ба мақомоти милитсия хабари фаврӣ оид ба ворид гаштани як гурӯҳ ҷавонон ба манзили истиқоматии шаҳрванд Дадабоева Роҳила соли таваллудаш 1948 сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Нусратулло Махсум ворид гардид, ки номбурдагон соҳибхоназанро зери латукуб қарор дода, маблағҳои зиёди пулиашро рабудаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида сабабу омилҳои содиршавии ҷинояти мазкур ва нафарони гумонбарро муайян намуданд.


  Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нафарони гумонбар дастгир карда шуданд. Инҳо шаҳрвандон:
Холиқов Абдухолиқ Абдураҳимович соли таваллудаш 20.09.1987. истиқоматкунандаи куҷаи Савдо н. Шоҳмансури ш. Душанбе, қаблан 3-маротиба бо ҷурмҳои гуногун суд шудааст;


Исоев Фаромарз Азамшоевич соли таваллудаш 22.03.1987. истиқоматкунандаи маҳаллаи Ховарони н. Шоҳмансури ш. Душанбе;


Лоиқов Муҳаммадшоҳ Хайруллоевич соли таваллудаш 23.06.1996 сокинони шаҳри Душанбе мебошанд, ки худро ҳамчун устои бомпӯши хона муаррифӣ намуда, ба тариқи ошкоро ба манзили истиқоматии пиразан ворид шуда, ӯро зери латукуб қарор дода, ҳамзамон бо рӯймол дасту пояшро бастаанд.


  Баъд аз бастану таҳдид намудани пиразан гумонбарон ашёҳои манзили истиқоматиро парешон намуда, маблағҳои пулии ҷабрдидаро рабудаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ин 4-нафар бо моддаи 249 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin