• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси блогерон барои масхара ва табдили писарбачаи ноболиғ ба «аруси замонавӣ» (Видео)
Ҳабси блогерон барои масхара ва табдили писарбачаи ноболиғ ба «аруси замонавӣ» (Видео)

Ҳабси блогерон барои масхара ва табдили писарбачаи ноболиғ ба «аруси замонавӣ» (Видео)

  Паст задани шаъну шарафи ноболиғ ва мавриди масхараву озор қарор додани ӯ мувофиқи қонунгузорӣ манъ буда, нисбати он нафароне, ки ба ин амал даст мезананд чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешавад. Ноболиғон, ки ҳанӯз хуб инкишоф наёфтаанд ва оқибати амалу кирдори худро ба хубӣ дарк ва ташхис карда наметавонад, нисбаташон раво дидани амалу рафторе, ки боиси дар оянда паст гардидани обрӯву эътибори ноболиғ мегардад, басо амали ношоям ва ноҷавонмардона аст.
  Махсусан чунин ҳолатҳоро ба навор гирифтаву тариқи сомонаҳои интернетӣ нашр намудан боиси ба таври оммавӣ поймол намудани ҳуқуқҳои ноболиғон, паст задани шаъну шарафи онҳо ва мавриди масхара қарор гирифтани ин насли ояндасоз мегардад, ки кирдорҳои мазкур хилофи муқаррарорти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Конвенсияи байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак аст.


  Аз ҷумла санаи 11-уми августи соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби 2-3 нафар ашхоси ба ном «блогер» мавриди масхараву мазаммат қарор гирифтани як наврас инъикос ёфтааст. Ин амалу кирдори ноҷавонмардонаи ин блогерон мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, ҳамзамон як қатор корбарон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то пеши роҳи чунин бетартибӣ гирифта шуда, нисбати ин «блогерон» чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
   Воқеан чуноне дар навор дида мешавад як нафар ҷавонзан бо ҳамроҳии ду нафар ҷавонмард ба тани ин писарбача либоси чакани духтарона пушонида, рӯяшро ҳамчун духтар бо маҳсулотҳои ороишӣ (касметикӣ) рангубор намуда, бар замми ин дар сараш тухм мешикананд. Дар давоми ин ҳама кирдорҳои зиддиқонунӣ «блогерҳо» наврасро ба масхара мегиранд, ки “ранги арӯси замонавӣ шуд”, “мо арӯс кофта гашта будем”, “гап нест дар ин арӯс” ва аз ин қабил суханҳои дур аз маданияти тоҷикона.


   Мушоҳидаи ҳолати оҷизиву сарафкандагии он писарбачаи ноболиғ дар дили ҳар нафар раҳму шафқат ва инсондустиро ба вуҷуд оварда, нисбати амалу кирдори ношоистаи ин ҷавонон хашму ғазаб ангеза мегирад. Дар воқеъ ба хотири ба даст овардани маблағу зиёд намудани шумораи ҳаводорони худ имрӯз баъзе аз блогерон даст ба амалу кидорҳое мезананд, ки хилофи меъёрҳои ахлоқӣ ва дур аз одобу рафтори инсонӣ мебошад, ки албатта аз ҷониби мақомотҳои дахлдор ҳар амалу кирдори онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, дар ҳолати вуҷуд доштани қонуншиканӣ чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешавад.
   Дар натиҷаи пешбурди корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ омодакунандагон ин навор муайяну дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.
Аз ҷумла инҳо:

Хоҷаев Аҳлиддин Зайниддинович соли таваллудаш 26.01.1989, истиқоматкунандаи кӯчаи Борбад, бинои 82, дар байни блогерон ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо тахаллуси “Кучкар” маъруф аст;


Муҳаммадиев Акбар Одилович соли таваллудаш 23.06.1993, истиқоматкунандаи кӯчаи Маяковский, бинои 22;


Кулиева Матлуба Баҳодуровна соли таваллудаш 14.03.1994, истиқоматкунандаи кӯчаи Профсоюз, хонаи 12.


   Зимни таҳқиқи ҳодисаи мазкур муайян карда шуд, ки банаворгирии «пранк»-и ғайриахлоқӣ ва дур аз фарҳангу маданияти тоҷикона бо маслиҳати пешакӣ ва розигии худи писарбачаи ноболиғ Д.Ф, соли таваллудаш 2006 сабт карда шуда, охирон яке аз хешовандони наздики боздоштшуда Хоҷаев Аҳлиддин ба ҳисоб мерафтааст.
   Бо назардошти ҳолатҳои мазкур барои поймол намудани ҳуқуқҳои ноболиғ, ба таври оммавӣ паст задани шаъну шараф ва мавриди масхараву мазаммат қарор додани писарбачаи ноболиғ, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вайрон гардидааст, нисбати ҳамаи боздоштшудаҳо парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд Хоҷаев Аҳлиддин ва Муҳаммадиев Акбар ба муҳлатҳои 5 ва 7 шабонарӯзӣ ба ҳабс гирифта шудаанд. Илова бар ин, бо назардошти дар тарбияи шаҳрванд Кулиева Матлуба мавҷуд будани кудаки ноболиғ, нисбаташ шартан ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 406 сомонӣ таъин карда шудааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin