• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навор: Мард бо истифода аз маъюбии фарзандаш ба ҷамъоварии маблағ машғул гардидааст
Таҳқиқи навор: Мард бо истифода аз маъюбии фарзандаш ба ҷамъоварии маблағ машғул гардидааст

Таҳқиқи навор: Мард бо истифода аз маъюбии фарзандаш ба ҷамъоварии маблағ машғул гардидааст

  Санаи 7 июли соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе пайдо гардид, ки тибқи иттилои муаллиф ҳар саҳар марде як ҷавони маъюбро дар аробачаи махус шинонида, дар назди бозорчаи маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе мегузорад ва ин навраси маъюб то бегоҳ ба талбандагӣ машғул мешавад. Сипас бо фаро расидани шом мард боз ба ҳамин мавзеъ омада, маблағҳои дар давоми рӯз ҷамъгардидаро ба ҷайби худ андохта, сипас боз навраси маъюбро бо худ мебарад.


  Баъди ба Интернет роҳ ёфтани навори мазкур кирдорҳои ғайриқонунии марди аз ҳисоби писарбачаи маъюб маблағ ҷамъкунанда мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон, махсусан истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, аз як ҷониб корбарони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе талаб намуданд, ки нисбати кирдорҳои авомфиребонаи марди дар навор инъикосгардида, ки аз ҳисоби писарбачаи маъюб зиндагиашро пеш мебарад, чораҳои қонунӣ андешида шавад.
  Ҷиҳати муайян намудани шахсияти марди дар навор тасвирёфта, кормандони мақомоти милитсия пойтахт чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намуда, дар натиҷа ӯро муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас намуданд, ки ӯ шаҳрванд Ҳабибуллоев Хуршед Асрорович соли таваллудаш 22.01.1971, истиқоматкунандаи н. Рӯдакӣ, деҳаи Арбобхотун буда, ҷавони дар аробачаи маъюбӣ нишаста фарзандаш мебошад.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҷавони дар навор инъикосёфта фарзандаш, писарбачаи 17-сола буда, дар ҳолати маъюбӣ қарор дорад.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати шаҳрванд Ҳабибуллоев Хуршед, ки бо истифода аз муҳтоҷиву дардмандии фарзанди худ ба ҷамъоварии маблағ машғул будааст, парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуда, барои дар оянда такроран содир накардани кирдори мазкур огоҳонида шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin