• Home »
  • ХАБАР »
  • Муноқиша: Донишҷӯи мусаллаҳ бо корд ҷавонписари 22-соларо ба ҳалокат расонид
Муноқиша: Донишҷӯи мусаллаҳ бо корд ҷавонписари 22-соларо ба ҳалокат расонид

Муноқиша: Донишҷӯи мусаллаҳ бо корд ҷавонписари 22-соларо ба ҳалокат расонид

  Новобаста аз баргузории як қатор чорабиниҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои бо худ гардонидани силоҳи сард аз ҷумла корд, мутаассифона ҳанӯз ҳам бархе аз ҷовонони кутоҳандешу сабукфикре ҳастанд, ки дар бари худ корд мегардонанд.
  Борҳо таъкид намуда будем, ки маҳз бо худ гардонидани корду дигар намуд силоҳи сард дар бештари маврид боиси сар задани амалу кирдорҳои гушношунид гардида, дар бархе ҳолатҳо ба куштор анҷомидааст.
  Аз ҷумла воқеаи ногуворе, ки шарҳ дода мешавад, маҳз дар натиҷаи бо худ корд гардонидан ва истифода аз он боиси ба ҳалокат расонидани ҷавонписари 22 сола гардидааст.
  Чуноне санаи 29-уми июни соли 2020 тақрибан соати 22:00 дақиқа бо хабари қисми навбатдорӣ доир ба сар задании ҷинояти ба муқобили саломатии инсон равонагардида, кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба макони ҳодиса, кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳозир гардидаанд. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки дар суроғаи мазкур байни ду нафар ҷавонон аз ҳиссиёти авбошӣ муноқиша сар зада, боиси ба ҳалокат расидани як нафар ҷавонписар гардидааст.


  Дар доираи баргузории як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти расонидани ҷароҳати вазнин ба саломатӣ бо оқибати марг шаҳрванд Бабаев Ансор Раҳмиддинович соли таваллудаш 18-уми октябри 2000, сокини шаҳри Душанбе маҳаллаи Гулбутта, донишҷӯи курси 2-и Донишкадаи технологии Тоҷикистон дастгир карда шуд, ки ҳангоми муноқиша бо шаҳрванд Маҷидов Аюбҷон Абдурасулович соли таваллудаш 30-юми августи 1998, сокини шаҳри Душанбе аз корди қаблан мусаллаҳгаштааш истифода бурда, ба қисмати рони пои чапи шаҳрванд Маҷидов Аюбҷон якчанд маротиба зарба задааст, ки дар натиҷаи рафтани хуни зиёд номбурда дар беморхона ба ҳалокат расидааст.


  Воқеан боиси таассуф ва нигаронист, ки дар як лаҳза ин ҷавони кӯтоҳандешу сабукфикр бо содир намудани ин кирдори ваҳшатангез хонаводаеро пурғам ва номи худро доғдор намудаву умри пурқиммати худро пушти панҷараи маҳбас сипарӣ хоҳад кард.


  Омӯзиши сабабу омилҳои ба содиршавии ин ҷиноят мусоидаткунанда нишон медиҳанд, ки аз як ҷиҳат агар беҳудагардиву шабгардии ҷавонон боиси сар задании ин ҳодиса гашта бошад, аз ҷониби дигар маҳз бо корд мусаллаҳ будану аз он истифода бурдан оқибат аз ҳаёт маҳрум гаштани як нафар ҷавонписар, ки дар айни камолот қарор дошт, гардидааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур, айни замон нисбати донишҷӯи гумонбаршуда, шаҳрванд Бабаев Ансор Раҳмиддинович бо моддаи 110 қисми 3 банди «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабси пешакӣ гирифтан татбиқ карда шудааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin