• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навор: Ҳабси боз як ҷавондухтар барои ҳаракатҳои майдаавбошона дар ҷои ҷамъиятӣ (Навор)
Таҳқиқи навор: Ҳабси боз як ҷавондухтар барои ҳаракатҳои майдаавбошона дар ҷои ҷамъиятӣ (Навор)

Таҳқиқи навор: Ҳабси боз як ҷавондухтар барои ҳаракатҳои майдаавбошона дар ҷои ҷамъиятӣ (Навор)

  Чанд рӯз пеш дар як қатор сомонаҳои иҷтимоӣ навори муноқишаи як гурӯҳ ҷавонзанон нашр гардида, дар байни истифодабарандагони саҳифаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна вокунишҳои шадидро ба миён оварда буд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ роҳандозӣ карда шуда, дар натиҷа нафари гумонбар ва сабабу омилҳои сар задани муноқишаи мазкур муайян карда шуд.

  Дар натиҷа маълум гардид, ки шаҳрванд Сайфидинова Ҷонона Аминовна соли таваллудаш 15. 06. 1996, зодаи ноҳияи Нуробод, деҳаи Оби Гарм, муваққатан истиқоматкунандаи ш. Душанбе санаи 2-юми июл дар ҳолати сархушӣ ҳангоми дар кӯчаи С. Шерозӣ рӯ ба рӯи «Корхонаи нассоҷӣ» қарор доштанаш бо хоҳарон-дугоникҳо шаҳрвандон Балосова Фотима ва Зуҳро муноқиша намуда, онҳоро мавриди лату куб қарор додааст. Ҳамзамон нисбати номбурдагон суханони қабеҳ зада, шаъну шарафи онҳоро дар назди дигар шаҳрвандон паст задаст.

  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати шаҳрванд Сайфиддинова Ҷонона барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо истифода аз ин фурсати муносиб минатдории худро ба нафаре, ки дар лаҳзаи содиршавии кирдори зиддиҳуқуқӣ бетарафиро ихтиёр накарда, ҳолати содиршавии ин амали номатлубро ба навор гирифта ба мақомоти милитсия фиристод, мерасонад. Ҳамзамон ба иттилои шаҳрвандон расонида мешавад, ки тамоми муроҷиатҳои Шумо мавриди баррасии ҳаматарафа ва чораҷӯӣ қарор дода мешавад. Аз ин лиҳоз дар ҳама ҳолат бо мушоҳидаи амалу кирдорҳои зидди ҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок қарзи шаҳрвандии худро иҷро намуда, ҷиҳати бартараф намудани он бо мақомоти милитсия муроҷиат намояед.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin