• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навор: Марди бараҳна дорои бемории рӯҳӣ будааст!
Таҳқиқи навор: Марди бараҳна дорои бемории рӯҳӣ будааст!

Таҳқиқи навор: Марди бараҳна дорои бемории рӯҳӣ будааст!

  Санаи 27-уми июли соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он гаштугузори як мард бо тани бараҳна ва урён инъикос ёфтааст.
  Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани як қатор чораҳои дахлдори санҷишӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки марди дар навор инъикосёфта шаҳрванд Имомқулов Шариф Алиқулович соли таваллудаш 14.07.1981 зодаи ноҳияи Фархор, кӯчаи Ломоносов буда, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Қуштеппа, деҳаи Шоҳмансур-2 мебошад. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда дорои бемории рӯҳӣ буда, аз соли 2018 инҷониб дар қайди беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ қарор дорад.
  Номбурда санаи 26-уми июли солӣ ҷорӣ тахминан соати 17:00 аз манзили истиқоматиашон баромада, ба шаҳри Душанбе омадааст. Сипас санаи 27-уми июл ҳангоми дар кӯчаи Карамови ноҳияи Сино қарор доштанаш аз сабаби хуруҷи беморӣ либосҳояшро ба пуррагӣ аз баданаш баровардааст, ки дар натиҷа аз ҷониби нозирони минтақавӣ дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуда, бо баргузории чорабиниҳои профилактикӣ ва пӯшонидани либос ба хешовандонаш баргардонида шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin