Бартарафсозии ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар бозори «Корвон»

Бартарафсозии ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар бозори «Корвон»

  Гарчанде дар як қисмати роҳи Бозори «Корвон» корҳои таъмиру азнавсозӣ ҷараён дошта бошад ҳам вале баъзе аз ронандагон ба маҳдуд будани роҳ нигоҳ накарда, бар хилофи талаботҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда ба таври сунъӣ тамбашавии ҳаракати роҳро ба вуҷуд меоранд, ки боиси халал ворид гардидан ба ҳаракати бемамонияти дигар воситаҳои нақлиёт мегардад. Ин қидавайронкуниҳои ронандагон аз ҷониби шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ низ мавриди вокуниш қарор гирифта, аз мақомоти милитсия дархост намуданд то нисбати ин ронандагони қонуншикан чораҳои таъсирррасони қонунӣ андешида шавад.
  Муроҷиати мазкур таҳти санҷиш ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуда, ронандагони воситаҳои нақлиёти дар навор инъикосёфта муайян ва нисбаташон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд.


  Чуноне зимни санҷиш муайян гардид ронандагони воситаҳои нақлиёти дар навор инъикосёфта, бар замми он ки дар қисмати роҳи бозори «Корвон» таъмир рафтаистодааст, бар хилофи талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда, дар баробари роҳро банд ва тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиётро ба вуҷуд овардан, ҳамзамон бо гардиши нодуруст ҳолати хатарноку садамавиро низ ба вуҷуд овардаанд. Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати як қатор ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намудаанд, тибқи талаботи моддаҳои 324 ва 236 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати дар минбаъда ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ надодан ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.
Аз чумла ронандагони зерин:
Давлатшоҳ Амиршоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 0800 QO 01;

Абдураҳмонов Аъзам Хуршедович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 7000 АХ 02;

Насруллоеув Мансур Маҳмадович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 8273 СС 01;

Қамчинов Фахриддин ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 5128 ВВ 03;

Сафаров Аслиддин Давлатбекович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 1447 RC 01;

Матқулова Муяссар – ронандаи автомашинаи тамғаи «Шевролет», рақами қайди давлатиаш 7214 СВ 01;

Бабаханов Муҳсин Абдилҳамидович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 4485 СТ 01;

Убайдуллоев Беҳрӯз Сафаралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», рақами қайди давлатияш 99 62 EE 01;

Зокиров Қудратулло – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 1616 ТТ 08;

Раҳимов Муҳаммадҷон Амонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Старекс», рақами қайди давлатиаш 5399 ТТ 01;

Сангинмуродов Маҳмараҳим – ронандаи автомашинаи тамғаи «Чангху», рақами қайди давлатиаш 8228 ВЕ 07;

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба нафароне, ки худро дар канор нагирифта, ҷиҳати бартараф намудани ҳолати мазкур қоидавайронкуниҳои ронандагонро ба навор гирифта ба мақомоти милитсия ирсол менамоянд, изҳори минатдорӣ менамояд. Ҳамзамон аз дигар шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ намуда, дар ҳолати мушоҳида намудани амалу рафтори зиддиҳуқуқиву қоидавайронкунӣ тавассути суроғаҳои электронии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақомоти милитсия дар тамос шаванд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin