• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҷлили зодрӯз бо иштироки зиёди меҳмонон дар майдончаи варзишӣ (Видео)
Таҷлили зодрӯз бо иштироки зиёди меҳмонон дар майдончаи варзишӣ (Видео)

Таҷлили зодрӯз бо иштироки зиёди меҳмонон дар майдончаи варзишӣ (Видео)

  Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ва баргузории амалиётҳои санҷишию корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандон мутаассифона ҳанӯз ҳам бархе аз афроде ба назар мерасанд, ки талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро нодида гирифта, ҷиҳати иҷроиши талаботҳои ҳатмии он фориғболӣ мекунанд, ки ин аз як ҷониб боиси зарар дидани буҷаи оилаи чунин афрод гардид, аз ҷониби дигар боиси вайрон гаштани талаботҳои қонуни мазкур мегардад.


  Мавриди зикр аст, ки мувофиқи моддаи 8 қонуни мазкур зодрӯз танҳо дар доираи оила гузаронида шуда, шумораи маҳдуди одамонро дарбар мегирад. Вале чуноне мушоҳида мегарданд, баъзе аз шаҳрвандон мухолифи ин талаботи қонун амал мекунанд. Аз ҷумла дар доираи баргузории як қатор чорабиниҳои фаврӣ-санҷишӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Қаҳҳоров Нурулло Абдуллоевич соли таваллудаш 15.07.1984 сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ, оиладор соҳиби ду фарзанд, зодрӯзи худро бар хилофи талаботи қонуни мазкур ҷашн гирифтааст.


  Номбурда саннаи 15-уми июли соли 2020, зодрузашро дар майдончаи варзишӣ воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 72/2 ноҳияи Шоҳмансур бо ҷамъ намудани кӯдакони зиёде ва баргузор намудани зиёфату рақсу сурур таҷлил намудааст.


  Бояд гуфт, ки ин амали номбурда агар аз як ҷониб бар хилофи муқаррароти қонуни амалкунанда бошад, аз ҷониби дигар дар шароити имрӯзаи паҳншавии бемории ҳамагири коронавируси нави КОВИД-19 саломатии кӯдаконро зери хатар гузоштааст.
  Дар чунин вазъият ҳар як нафар ба таври ҳатмӣ натанҳо дар бораи саломатии худ, балки барои солим нигоҳ доштани дигар шаҳрвандон низ андеша ва талош намоем.


  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур айни замон нисбати шаҳрванд Қаҳҳоров Нурулло тибқи талаботи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои қабули қарори қонунӣ ба ниҳодҳои дахлдор ирсол карда шудааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin