• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошт ва ҳабси ҷавонписар барои ҳаракатҳои бадахлоқона
Боздошт ва ҳабси ҷавонписар барои ҳаракатҳои бадахлоқона

Боздошт ва ҳабси ҷавонписар барои ҳаракатҳои бадахлоқона

  Санаи 14-уми июли соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳаракатҳои ғайриахлоқонаи як ҷавонписари тахминан 20 – 25 сола ба сӯи роҳгузарон инъикос ёфтааст. Баъд аз ба сомонаҳои интернетии иҷтимоӣ роҳ ёфтани ин навор амалу кирдорҳои ғайриахлоқию берун аз одоби инсонии ин ҷавонписар мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандону корбарони сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, аз як ҷониб корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки нисбати ин ҷавони бадахлоқ чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, дар натиҷа ҷавони бадахлоқи дар навор инъикосёфта муайяну ошкор карда шуда, ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуд.


  Дар натиҷа муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Хумаров Сиёвуш Акбаралиевич соли тавалудаш 27.02.2000 зодаи шаҳри Турсунзода, сокини ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чимтеппа, деҳаи Сомон буда, дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба фурӯши ҳар гуна бозичаҳои кӯдаконаву пахтақанд (сладкая вата) машғул будааст.
  Зимни пурсиш ва пешбурди корҳои фаврӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда санаи 14-уми июл, тахминан соати 5:40 дақиқаи субҳ дар ҳолати мастӣ зимни қарордошт дар кӯчаи К.Хуҷандӣ баъди пешоб кардан ба сӯи роҳгузарон ҳаракатҳои ғайриахлоқона намудааст.


  Ин амалу кирдори берун аз одобу ахлоқи инсонии ӯ тавассути камераҳои назоратии манзили истиқоматии шаҳрвандон ба навор гирифта шудааст, ки далели ҷавони бадахлоқ будани ӯст.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Хумаров Сиёвуш барои содир намудани кирдорҳои ғайриахлоқӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуда, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шуд.


  Айни ҳол ҷиҳати ошкору муайян намудани ҳолатҳои дигари даст доштани боздоштшуда Хумаров С. дар кирдорҳои бадахлоқона ва ҷиноятҳои ахлоқӣ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin