• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси боз як ронанда, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ гирифта, гуфтааст: «Маро кормандони БДА манъ карда наметавонанд» (Навор)
Ҳабси боз як ронанда, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ гирифта, гуфтааст: «Маро кормандони БДА манъ карда наметавонанд» (Навор)

Ҳабси боз як ронанда, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ гирифта, гуфтааст: «Маро кормандони БДА манъ карда наметавонанд» (Навор)

  Як нафар корбари саҳифаи иҷтимоии Инстаграм бо ирсоли наворе аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуд, то ронандаи воситаи нақлиёти дар он инъикосёфта мавриди санҷиш қарор дода шавад. Тавре худи ронанда дар навори ирсолнамуда мегӯяд, ӯ 15 қадаҳ (бакал) машруботи спиртӣ нушида, воситаи нақлиётро идора мекунад ва дорои шаҳодатномаи (удостоверение) махсусе аст, ки ӯро кормандони БДА манъ карда наметавонанд.


  Ҷиҳати таҳқиқи навори мазкур ва муайян намудани шахсияти ронандаи дар навор инъикосёфта кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ронандаро муайян намуда, ӯ ва автомашинаашро ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас намуданд.
  Дар натиҷа муайян карда шуд, ки номбурда шаҳрванд Ҷумъаев Азаматқул Худойқулович соли таваллудаш 19.04.1989 сокини шаҳри Душанбе буда, ҳангоми идораи воситаи нақлиёти шахсиаш, тамғаи Тайота-кемрӣ, аломати қайди давлатиаш 0101 ON 01 ба ҳаракатҳои намоишкорона даст зада, ба хотири худнамоӣ ва бартарӣ пайдо намудан дар байни дигар истифодабарандагони саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ дар саҳифаи иҷтимоии Инстаграми худ ба пахши мустақим (прямой эфир) баромада, аз ҳисси ҳавобаландӣ чунин суханонро изҳор доштааст.


  Зимни пурсиши номбурда ва санҷиши ҳамаҷониба муайян карда шуд, ки ронандаи дастрасгардида Ҷумъаев Азаматқул дар ягон мақомоти давлатӣ фаъолият намекунад ва ба соҳибкорӣ машғул будааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбаташ парвандаи маъмурӣ барои паҳн намудани хабари бардуруғ оиди фаъолият доштанаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба ин васила иснод овардан ба шаъни мақомотҳои давлатӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шуд.


  Бо истифода аз фурсати муносиб, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои кулли шаҳрвандон, махсусан сокинони пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе мерасонад, ки ҳамагон дар назди қонун баробар буда, истифодаи ваколатҳо ба ҳеҷ кас иҷозат намедиҳад, ки қонуншиканӣ намояд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin