• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Идомаи Амалиёт: Боздошти боз 144-адад автомашинаи гаронарзиши дорои сигналҳои махсуси овозӣ дар ш. Душанбе (Видео)
Идомаи Амалиёт: Боздошти боз 144-адад автомашинаи гаронарзиши дорои сигналҳои махсуси овозӣ дар ш. Душанбе (Видео)

Идомаи Амалиёт: Боздошти боз 144-адад автомашинаи гаронарзиши дорои сигналҳои махсуси овозӣ дар ш. Душанбе (Видео)

  Таҳлилҳои фаъолияти корӣ, амалия ва санҷишҳои гузаронидашудаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир сигналҳои махсус ва нурафшон барои воситаҳои нақлиёт, бархилофи талаботи Қарори Ҳукумати ҶТ аз 05 декабри соли 2013 №580 аз тарафи шахсои ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ ба қаламрави ҶТ ворид карда шуда, чунин таҷҳизотҳои ғайристандартӣ ба бозорҳои дохилии кишвар роҳ ёфта, дар савдои озод қарор доранд. Бояд қайд намуд, ки сигналҳои махсус ва нурафшон барои воситаҳои нақлиёт ба руйхати номгӯи молҳое, ки содирот, воридот ва транзити онҳо бо Қарори Ҳукумати ҶТ амалӣ карда мешавад, дохил мешаванд.
  Дар доираи баргузории амалиёти шартии «Чароғаки шуълавар» аз ҷониби милитсияи пойтахт муайян карда шуд, ки як қатор тоҷирону савдогарони бозорҳои пойтахт та таври озод ба воридоту фуруши ғайриқонунии таҷҳизоти тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ манъгардида машғул буда, бо ин роҳ заминаи мусоидро барои насби чунин таҷҳизот ба шаҳрвандони оддӣ, махсусан ронандагони воситаҳои нақлиётии хусусӣ фароҳам меоранд.


  Зимни баргузории амалиёти мазкур муайян карда шуд, ки як қатор фурушандагони бозорҳо, аз ҷумла Мирзоев Анушервон соли таваллудаш 1997, Шарипов Рамзиёр соли таваллудаш 1988, Каримов Умед соли таваллудаш 1971, Алиев Маҳмадраҳим соли таваллудаш 1985, Одинаев Фирӯз соли таваллудаш 1995, Каримов Ҷамшед соли таваллудаш 1977 ва дигарон бар хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намуди фаъолият» амал намуда, бидуни иҷозатномаи махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ ба фурӯши ғайриқонунии ин таҷҳизотҳо машғул мебошанд.


  Дар маҷмӯъ аз онҳо 52-адад асбоби чароғаки шуълавари рангҳои гуногун ва 21-адад асбобҳои садодиҳандаи махсус дарёфту мосодира карда шуданд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳамаи ин ҳуқуқвайронкунандагон тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин карда шуд.


  Ҳамзамон бо мақсади муайян намудани ҳолатҳои мазкур ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт оид ба риояи ҳатмии талаботи «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» дар шабакаҳои кӯчаю роҳҳои шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои мақсаднок гузаронида шуда, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус, таҳти унвони шартии «Чароғаки шуълавар» давоми ҳафтаи гузашта боз 144 ҳалати дигари насбу истифодабарии сигналҳои махсуси овозӣ ва чароғакҳои шуълавари нурафшон ошкор карда шуда, ронандагон бо дастрасии талаботи моддаи 316 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуданд.
Аз ҷумла:
Ронандаи автомашинаи тамғаи Хонда-Аккорд, рақами давлатиаш 1111 SR 03, Қодиров Султонбек;


Ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-С-Класс, рақами қайд 1111ВХ 01, Абдуллоев Муҳаммад;


Ронандаи автомашинаи тамғаи Ленкрузер-Прадо, аломати қайд 0006 КА 01, Шарипов Шаҳриёр; 


Ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ, рақами қайд 4445 ВВ 01, Ҳалимов Зайниддин;


Ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-С-Класс, аломати қайд 7000НХ 01, Рашиди Файзалӣ;


Ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемрӣ, рақами қайди давлатиаш 1011 SR 01, Ёров Масъудҷон;


Ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес, аломати қайд 0003 ЕХ 01, Муминов Абдулҳамид; 


Ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемрӣ, аломати қайди давлатиаш 8188 JJ 01, Сатторов Суҳроб Саидмуродович; 


Ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота Каролла, рақами қайди давлатиаш 0018 НР 01, Саидов Ромиз Нуралиевич;


  Дар доираи баргузории амалиёти «Чароғаки шуълавар», ки аз 1-уми июн инҷониб гузаронида шуда истодааст, роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҳама ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки аз истифодабарии ҳар гунна таҷҳизотҳои ғайристандартӣ худдорӣ намуда, талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро бо пуррагӣ риоя намоянд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin