• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳабси «блогер» барои таҳдиди паррондан бо таппонча
Ҳабси «блогер» барои таҳдиди паррондан бо таппонча

Ҳабси «блогер» барои таҳдиди паррондан бо таппонча

  Ҳафтаи ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ, махсусан «Инстаграм» навори ҷавоне пахш гардид, ки дар дасташ яроқи монанд ба таппончаи Макаров бо суханони таҳдидомез ба ҷониби нафарони гуё «бахил» муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки таппончаи дар дасташ буда ҳақиқӣ буда, аз он метавонад истифода бурда, нафарони бахилро паронад. Ин навор боиси ба вуҷуд омадани вокунишҳои гуногуни шаҳрвандон гардида, корбарону истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хостори мавриди санҷиш қарор додани навори мазкур гардиданд.


  Вобаста ба ин, ҷиҳати муайян намудани шахсияти дар навор инъикосгардида кормандони милитсияи шаҳри Душанбе чораҳои дахлдори оперативӣ роҳандозӣ намуда, дар натиҷа шахсияти ин ҷавонро муайян намуда, ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас намуданд. Муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Фаттоев Шаҳбоз Абдуваҳҳобович соли таваллудаш 03.11.2000 сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Зебунисо буда, дар саҳифаи интернетиаш худро ҳамчун «блогер» эътироф намудааст.

  Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда ба хотири худнамоишдиҳӣ ва бо ин васила машҳур гардидану зиёд намудани сафи аъзоёни саҳифаи иҷтимоии интернетиаш ҳангоми қарордошт дар дохили автомашина таппончаи дар навор инъикосгардидаро гирифта, баъди сабти навори мазкур онро дар саҳифаи Инстаграмаш нашр намудааст.

  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки яроқи дар навор истифода шуда, таппончаи газӣ буда, аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мусодира карда шуд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Фаттоев Шаҳбоз барои нашри чунин навори таҳдидовар ва ба таҳлука овардани шаҳрвандон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ҳукми Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin