• Home »
  • ХАБАР »
  • Баррасии фаврӣ: Шахсияти марди дағалгуфтор баъди 10 дақиқа пас аз пахши навор муайян ва худи ӯ дар боздошт қарор дорад
Баррасии фаврӣ: Шахсияти марди дағалгуфтор баъди 10 дақиқа пас аз пахши навор муайян ва худи ӯ дар боздошт қарор дорад

Баррасии фаврӣ: Шахсияти марди дағалгуфтор баъди 10 дақиқа пас аз пахши навор муайян ва худи ӯ дар боздошт қарор дорад

  Як нафар ҷавонзани сокини н. Синои пойтахт бо ирсоли навори дағалгуфтории марди тақрибан 45-50 сола аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуд, ки нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Ҳамзамон навори мазкур дар сомонаҳои иҷтимоӣ мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон қарор гирифтааст.
  Муроҷиати мазкур таҳти баррасии фаврии милитсияи пойтахт қарор гирифта, шахсият ва сабаби сар задани ҳодисаи мазкур муайяну ошкор карда шуд.
  Зимни баргузории як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Шарипов Абдуғаффор Абдумаҷидович соли таваллудаш 16.10.1975. сокини ш. Душанбе кӯчаи Клара Сеткина бинои 12 мебошад. Дар натиҷаи пурсиши гумонбар ва ҷабрдида муайян карда шуд, ки ҷавонзани муроҷиаткунанда зимни партофтани партов воқеъ дар кӯчаи К. Сеткина, партови худро дар ҷойи муқарарнагардида гузоштааст, ки боиси эрод ва дашному ҳақорати ин мард гардидааст.


  Ҳамзамон маълум карда шуд, ки марди дастгиршуда, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, масъул ва назораткунандаи партовгоҳи кӯчаи мазкур будааст.
  Айни замон нисбати номбурда барои содир намудани кирдорҳои майдаавбошона протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.
  

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin