Садамаи нақлиётӣ: Ҳалокати ду ронандаи воситаи нақлиёти мусофиркаш

Садамаи нақлиётӣ: Ҳалокати ду ронандаи воситаи нақлиёти мусофиркаш

  Санаи 19-уми майи соли ҷорӣ тахминан соати 18:50 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Ниссан-Сентра» рақамҳои қайди давлатиаш 9405 ТТ 05, Исматов Абдулқосим Сафиевич соли таваллудаш 1984 сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Ҳ. Шерозӣ, ронандаи ширкати «Рахш-Таксӣ», ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи И. Сомонӣ аз самти Хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Варзишгарон дар наздикии «Боғи Ҳайвонот» бо сабабҳои номаълум ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Хундай-Аксент» рақамҳои қайди давлатиаш 8619 ТТ 05 таҳти идораи шаҳрванд Каримов Абдуваҳҳоб Абдуҷабборович соли таваллудаш 1985 сокини шаҳри Ҳисор бархурдааст.

  Дар натиҷаи ин садамаи нохӯши нақлиётӣ ронандаи автомашинаи «Ниссан-Сентра» рақамҳои қайди давлатиаш 9405 ТТ 05, Исматов Абдулқосим дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Аксент» рақамҳои қайди давлатиаш 8619 ТТ 05, шаҳрванд Каримов Абдуваҳҳоб бошад, бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расид.
  Воқеан боиси таассуф аст, ки дар як лаҳза маҳз бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт боиси марги инсон мегардад. Мавриди зикр аст, ки тибқи таҳлилҳо аксари он садамаҳои нақлиётие ки боиси марги шаҳрвандон гардидааст, дар натиҷаи риоя накардани Қидаҳои ҳаракати роҳ, махсусан дар натиҷаи бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт ба вуқуъ пайвастааст.
  Аз ин лиҳоз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар аз кулли ронандагон, махсусан ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар хоҳиш ва талаб менамояд, ки Қидаҳои ҳаракати роҳро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, пеш аз ҳама ҷони худ ва атрофиёнро дар хатар нагузоранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin