• Home »
  • ХАБАР »
  • Риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ дар тарабхонаву ошхонаҳои пойтахт дар давраи пандемияи COVID-19 (Навор)
Риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ дар тарабхонаву ошхонаҳои пойтахт дар давраи пандемияи COVID-19 (Навор)

Риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ дар тарабхонаву ошхонаҳои пойтахт дар давраи пандемияи COVID-19 (Навор)

  Ҷихати пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нави КОВИД-19 мунтазам дар сартосари мамлакат тамоми тадбирхои зарурӣ андешида шудаистодааст ва дар байни чомеа аз чониби ниҳодҳои дахлдор пайваста корхои фахмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Истифодаи ниқоб, риояи қоидаҳои гигиению беҳдоштӣ гарчанде калимаву ибораҳои такрор ҳам бошанд, вале мутаассифона, бархе шаҳрвандон дидаю дониста хилофи ин гуфтаҳо кор мекунанд, дар ҳоле ки ин ҳама маҳз барои саломатию офияти онҳо нигаронида шудааст.


  Ҳамингуна дар доираи тавсияи мутахассисон ва қарори дахлдори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза зидди коронавируси нави КОВИД-19 Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо максади ҳифзи солимии ҷомеа корҳои таблиғотию назоратиро пайваста дар ҳудуди шахри Душанбе мегузаронад. Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳҳои сайёр ташкил карда шуда, дар ошхонаву тарабхона, кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе, дукону фурӯшгоҳ, мағозаҳои фурӯши хӯроки умум ва дигар маконҳои гаштугузори шаҳрвандон амалиётҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳию назоратӣ роҳандозӣ карда шудааст.
  Аз ҷумла зимни гузаронидани корҳои назоратии Раёсатӣ аз ҷониби милитсияи пойтахт оид ба муйян намудани ҳолати риояи беҳдошти шахсӣ, истифодаи ҳароратсанҷ, қабули мизоҷон ва дигар паҳлуҳои ба ин масъала рабтдошта дар тарабхонаву қаҳвахона ва ошхонаҳои шаҳри Душанбе маълум гашт, ки дар аксарият ошхонаву тарабхонаҳо ин қоидаҳо ба куллӣ риоя намешаванд.
  Масалан дар тарабхонаи «Мерве», ки филиали он яке дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо» ва дигаре дар хиёбони «Рӯдакӣ» мавҷуд аст, ҳангоми назорати оперативӣ маълум гашт, ки бо воридщавии мизоҷон ба тарабхона ҳарорати онҳо санҷида намешаваду дастҳояшон низ бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар намегардад. Доир ба иҷро нагардидани ин ҳолатҳо аз кормандон пурсон шудем, вале ҳар гуна баҳона меҷустанду ҷавоби аниқ надоданд. Ҳамчунин баъзе аз пешхизматон бе ниқобу дастпӯшак фаъолият мекарданд.


  Ҳолати аз ин бадтараш дар ошхонаи «Шифо» воқеъ дар кӯчаи Назаршоеви ноҳияи Шохмансур ошкор гашт. Набудани ҳароратсанҷ, бе дастпӯшаку ниқоб кор кардани хизматгорон ва ифлос будани зарфҳои истифодабаранда ҳолати нигаронкунанда мебошад.
  Дар чойхонаи «Яхмос» воқеъ дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо» ва сихкабоби «Тахтача» дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шохмансур, ошхонаи «Фарел Хаус» ва ошхонаи «Озода» дар кӯчаи Лоиқ Шералии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, тарабхонаи «Сафо» дар кӯчаи Носири Хусрав ва чанди дигаре маконҳои хӯроки умум одитарин қоидаҳои санитарии аз ҷониби Ситоди ҷумҳуривӣ пешбинишударо риоя намакунанд.
  Гарчанде дар баъзе ин ошхонаву тарабхонаҳо маҳлулҳои антисептикӣ ва ҳароратсанҷ вуҷуд дошт, вале мутаассифона чун намоиш дар гӯшае монда шуда, умуман истимфода бурда намешуданд.Зимни ошкор кардани ҳолатҳои ғайристандартӣ дар ин маконҳо аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо масъуин корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.
  Раёсати ВКД дар шаҳи Душанбе вобаста ба ҳолати мазкур аз кулли шаҳрвандон махсусан соҳибмулкони ошхонаву тарабхона, қаҳвахонаву дигар маконҳои хӯроки умум даъват ба амал меоварад то дар ин лаҳзаҳо ҳама якҷоя қоидаҳои санитариро риоя намуд ва беаҳмиятиро дур сохта, солимии худ ва аҳли ҷомеаро дар мадди аввал бояд гузошт.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin