• Home »
  • ХАБАР »
  • Мардумфиребӣ: Боздошти нафарони солиме, ки барои талбандагӣ худро маъюб вонамуд мекарданд  
Мардумфиребӣ: Боздошти нафарони солиме, ки барои талбандагӣ худро маъюб вонамуд мекарданд  

Мардумфиребӣ: Боздошти нафарони солиме, ки барои талбандагӣ худро маъюб вонамуд мекарданд  

 Саломатӣ барои ҳар як инсон қимматтарин ганҷ аст. Мутаассифона дар ҷомеа ҳастанд баъзе нафароне, ки ба қадру қиммати ин ганҷи бебаҳо нарасида, бо нишон додани ҳолати ҳузнангези худ, бо барангехтани раҳму шафқат ба дили шаҳрвандону атрофиён мехоҳанд аз ин ҳисоб маблағу даромади муфт ба даст оваранд.
  Чуноне зимни баргузории чорабиниҳои профилактикӣ муайян карда шуд, аҳли як хонавода фарзандони хурдсоли худро дар 3 аробачаи маъюбӣ шинонда, онҳоро ҳамчун муҳтоҷу дардманд ва маъюб нишон дода, аз шаҳрвандону роҳгузарон талаби кумак мекарданд.
Инҳо шаҳрвандон;
-Гулова Суман Кучкаровна соли таваллудаш 1991, истиқомтакунандаи ш. Ҳисор деҳаи Кӯчабоғ;
-Гулова Моҳинисо соли таваллудаш 2012, дар ягон ҷо таҳсил намекунад;
-Баракаев Баҳром Самандарович соли таваллудаш 1996, истиқомтакунандаи ш. Ҳисор деҳаи Кӯчабоғ, оиладор соҳиби 1-фарзанд;
-Гулов Пардалӣ Абдуалимович соли таваллудаш 2004, истиқомтакунандаи ш. Ҳисор деҳаи Кӯчабоғ;
-Гулов Эмомалӣ Абдуалимович соли таваллудаш 2009, истиқомтакунандаи ш. Ҳисор деҳаи Кӯчабоғ, хонандаи синфи 3 МТМУ №96 ш. Ҳисор;
-Баракаев Муҳаммад соли таваллудаш 2002, истиқомтакунандаи ш. Ҳисор деҳаи Кӯчабоғ; 

  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон дар асл сиҳату саломат буда, танҳо ба хотири ба даст овардани маблағ ба ин кор машғул будаанд.
  Воқеан ин амали чунин афрод ба нангу номус ва шаъну шарафи инсонӣ доғ оварда, боиси озурдахотирии сокинону шаҳрвандон махсусан меҳмонони хориҷии пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе мегарданд.
  Бо номбурдагон суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин амали нанговар даст назаданашон ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin