• Home »
  • ХАБАР »
  • Корҳои фаҳмондадиҳии Нозирони минтақавии милитсияи пойтахт
Корҳои фаҳмондадиҳии Нозирони минтақавии милитсияи пойтахт

Корҳои фаҳмондадиҳии Нозирони минтақавии милитсияи пойтахт

  Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Нозирони минтақавии минлитсия пойтахт дар тамоми минтақаҳои хизматии худ бо аҳолӣ ва сокинони маҳаллаҳову биноҳои баландошёна, боғу гулгашт, дукону мағозаҳои ҳуроки умум ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории ҳамагири Коронавируси нав КОВИД-19 амалиётҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаитодаанд. Нозирони минтақавии милитсияи пойтахт дар байни шаҳрвандон оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, риояи масофаи иҷтимоӣ, истифодаи ниқоби муҳофизатии тиббӣ ва бемаврид ба куча набаромадан корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳолатҳои зиёди риоя нагардидани Қоидаҳои аз ҷониби Ситоди Ҷумҳуриявӣ муқарарраргардидаро ошкор намуданд.


  Чуноне дар ҷараёни ин чорабиниҳои профилактикӣ мушоҳида гардидаанд, дар баъзе аз боғу гулгашт ва маҳаллаҳои истиқоматӣ шаҳрвандон ба одитарин қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла масофаи иҷтимоиро риоя накарда, ҳамзамон аз ниқоби тиббӣ истифода намебаранд. Бояд гуфт, ки ин ҳама муқаррарот ва тавсияи мутахассисони соҳа танҳо барои эмин нигоҳ доштани саломатии шаҳрвандон нигаронида шудаанд. Аз ин лиҳоз ҳамагонро мебояд ин қоидаҳои пешбинишударо ба таври қатъӣ риоя намоянд.


  Мавриди зикр аст, ки имрӯз мақомоти милитсия бо фаъолияти шабонарӯзӣ аз ӯҳдаи пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷинояту ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба хубӣ мебарояд ва дар ин марҳилаи муҳим низ ҷиҳати солимии ҷомеа фаъолияти дучунд менамояд.
  Нозирони минтақавии милитсия дар ҷараёни мулоқт бо шаҳрвандон иброз доштанд, дар ин марҳилаи басо муҳим ҳамагонро мебояд беш аз пеш аз тавсия ва маслиҳати мутахассисон кор гирифта, бетарфӣ ва бемасъулиятиро канор гузорем, зеро саломатӣ ин неъмати бебаҳо буда, ҳифзи он аз ҳар як нафар вобастагии калон дорад.


  Дар ин марҳала саҳми фаъолони ҷомеа, махсусан раисони маҳаллаву Дружиначиёни ихтиёрии милитсия, ки дар бари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият мекунанд бисёр назаррас мебошад.
  Бояд қайд намуд, ки ҳамарӯза аз ҳисоби нозирони минтақавӣ ва Дружиначиёни ихтиёрии милитсия дар тамоми боғу гулгаштҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе гурӯҳҳои патрулӣ хизматбарӣ намуда, пеши роҳи амалу кирдорҳои номатлубро мегиранд. Ин аст, ки дар маконҳои ҷамъиятӣ махсусан боғу гулгаштҳои пойтахт ҳолатҳои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, поймол кардани сабзазору гулгаштҳо ва хароб сохтани дигар таҷҳизотҳои ороишӣ кам ба назар расида, бо гаштугузор намудани гурӯҳҳои патрулӣ чунин амалҳо пешгирӣ карда шуда, ободиву шукуфоии пойтахт нигоҳ дошта мешавад.


  Аз ин лиҳоз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кули шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки бо мақомоти милитсия ҳамкории зичро ба роҳ монда, дар пешгирӣ аз кирҳои ношоям ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити атроф саҳм гузоранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin