• Home »
  • ХАБАР »
  • Муроҷиати шаҳрванд: Боздошту ҳабс ва оғози парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи навор
Муроҷиати шаҳрванд: Боздошту ҳабс ва оғози парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи навор

Муроҷиати шаҳрванд: Боздошту ҳабс ва оғози парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи навор

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар асоси муроҷиати як нафар сокини пойтахт, ки бо ирсоли навор аз кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҳамсояаш шикоят намуд, як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустучӯӣ баргузор намуд.
  Тибқи навори ирсолнамудаи шаҳрванд Сулаймонов Самандар Саидҷаъфарович соли тавалудаш 10.07.1984, истиқоматкунандаи кӯчаи Мехкалони шаҳри Душанбе, номбурдаро ҳамсояи соҳибкораш бо номи Алӣ пайваста дар назди дигар шаҳрвандон ва аҳли хонаводааш дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафашро паст мезадааст. Ҷабрдида ҳамчун исботи гуфтаҳояш навореро ба мақомоти милитсия пешниҳод намуд, ки дар он пур аз дашному ҳақорат, алфози қабеҳ ва ҳолати шикастани оинаи пеши автомашинаи муроҷиаткунанда инъикос ёфтааст.
  Дар натиҷаи санҷиши муроҷиати мазкур кормандони милитсияи пойтахт шахсияти дар навор инъисокгардидаро муайян ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас намудаанд, ки ӯ шаҳрванд Сафарбеков Алӣ Сафарбекович соли таваллудаш 10.12.1989 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак 2 мебошад.

  Зимни пурсиш дастрасшуда Сафарбеков Алӣ иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 6-уми апрели соли ҷорӣ ҳангоми дар кӯчаи Н.Махсуми шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо ғаразҳои пешакӣ ба назди автомашинаи муроҷиаткунанда Сулаймонов Самандар рафта, охиронро дар назди ҳамсар ва 3 нафар фарзандони ноболиғаш бе ягон асос дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, тартиботи чамъиятиро вайрон намудааст. Ҳамзамон дастгиршуда Сафарбеков Алӣ ба ин кирдорҳои авбошонаи худ қаноат накарда, бо мақсади қасдан несту нобуд кардани амволи ғайр ба воситаи мушт қисмати пеши оинаи автомашинаи шаҳрванд Сулаймонов Самандарро шикастааст.
  Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур айни ҳол нисбати шаҳрванд Сафарбеков Алӣ Сафарбекович барои кирдорҳои авбошона бо моддаи 237 ва барои қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр бо моддаи 255 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
  Илова бар ин, айни ҳол нисбати номбурда дар асоси Қарори Суди ноҳияи Сино барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз татбиқ карда шуда, тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin