Шахсияти ҷасад муайян карда шуд

Шахсияти ҷасад муайян карда шуд

  Санаи 23-юми марти соли ҷорӣ дар сомонаи иҷтимоии Фейсбук ҷасади ҷавониписари тақрибан 20-25-сола нашр гардида, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шудааст, ки барои муайян намудани шахсияти он кумак намоянд. Нашри ин расм дар байни шаҳрвандон ҳаргуна хабару овоза ва ҳадсу гумонро ба вуҷуд овард.

  Вобаста ба ин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба таври расмӣ ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки шахсияти ҷасади дар расм инъикоёфта ва сабабу омилҳои ба ҳалокат расидани ӯ муайян карда шуд.

  Ин нафар шаҳрванд Шомиров Диловаршо Нуриддинович соли таваллудаш 17. 04. 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Назаршоев мебошад, ки шаби 22-юми март аз назди бинои №2 кӯчаи С. Айнии ноҳияи Шоҳмансур, бе аломатҳои марги маҷбурӣ ёфта шуда буд.
  Барои муайян намудани сабабу омилҳои ба ҳалокат расидани номбурда ва ҷиҳати гузаронидани ташхис ҷасад ба Маркази Ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ судӣ бурда шуд. Дар натиҷа мувофиқи маълумотномаи Маркази Ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ судӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Шомиров Диловаршо аз сабаби инсулти геморогӣ, атеросклерози шараёнҳои дил, якхела пурхун набудани мушакҳои дил, гипертрафияи мушакҳои дил, пур аз хуни сиёҳтоб будани ковокии дил ва рагҳои калони хунгард ба ҳалокат расидааст.
  Вобата ба ин Раёсати ВКД дар шаҳри душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки дар ин ҳодиса ягон амалу кирдори ҷиноятӣ ба қайд гирифта нашудааст .

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin