• Home »
  • ХАБАР »
  • Пайроҳаи қочоқ: Боздошти як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ ва мусодираи 70 кг воситаҳои нашъадор (видео)
Пайроҳаи қочоқ: Боздошти як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ ва мусодираи 70 кг воситаҳои нашъадор (видео)

Пайроҳаи қочоқ: Боздошти як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ ва мусодираи 70 кг воситаҳои нашъадор (видео)

  Яке аз масъалаҳое, ки солҳои охир ба мушкилоти глобалии сайёра мубаддал гардидааст, ин парваришу истеҳсол ва муомилоту истеъмоли маводҳои нашъаовар мебошад.
  Дар ин замина кормандони милитсияи пойтахт ҷиҳати пешгирии муомилоти ғайриқонунии он муборизаи беамон мебаранд.

  Аз ҷумла дар натиҷаи амалӣ намудани коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як гурӯҳи муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ дар ҳайати 7 нафар, ки ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар дохил ва хориҷи кившар машғул будаанд, муайян ва дастгир карда шуд. Аз ин гурӯҳи муташаккили ҷиноии нашъаҷаллоб дар умум навъҳои гуногуни воситаҳои нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон 70 кг 283 гр дарёфту мусодира гардид. Ҳамаи ин дастгиршудагон чун занҷира ва ҳалқаҳои ҷиноятӣ бо ҳамдигар пайваст ва робита дошта, воситаҳои нашъадорро аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоби кишвари ҳамсоя, яъне Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба таври қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, сипас ба кишварҳои дигар интиқол медодаанд.

  Роҳбари ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ шаҳрванд, Қурбонов Муқим Шералиевич, соли таваллудаш 11 уми январи 1976, сокини шаҳри Норак, ҷ/д Пули Сангин, деҳаи Кибил, ки дар байни гурӯҳҳои нашъаҷаллоб бо тахаллусҳои «Муқимча» ва «Бачаи кампир» маъруф аст. Номбурда қаблан ду маротиба бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Федератсияи Россия маҳбасӣ шудааст. Оиладор соҳиби 3-зан ва 11-фарзанд мебошад.

  Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ –ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, номбурда ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дастгир карда шуд. Зимни пешбурди чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз манзили истиқоматии ӯ воқеъ дар шаҳри Норак 13 кг 542 гр. воситаҳои нашъадори навъи “Ҳашиш”, 221 гр “Афюн” ва таблеткаҳои психотропии навъи “МДМА-экстазӣ” дарёфту мусодира гардид.
  Дар идомаи амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди пойтахт аъзоёни дигари ин гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ:
– Салимдодов Шамсудин Самиевич соли таваллудаш 07 июли 1981, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Крупская;

– Назиров Сироҷ Сулаймонович соли таваллудаш 18-уми сентябри 1981, зодаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, истикоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 12 ва писарамаки ӯ


– Назиров Руҳангез Латифович соли таваллудаш 19-уми феврали 1989, зодаи ноҳияи Шамсидини Шоҳин, истикоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, маҳаллаи Гулбута-2, қаблан бо моддаи 200-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст;

– Латифов Зоир Гадоевич, соли таваллудаш 12-уми январи 1985, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, деҳаи Кишт;

– Боронов Ҳикматулло Мирзоевич, соли таваллудаш 5-уми июни 1975, зодаи ноҳияи Муминобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, пеш бо моддаи 200 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шуда, моҳи ноябри соли 2019 ба озодӣ баромадааст;

-Қаландаров Доваршо Қаландарович, соли таваллудаш 1978, зодаи ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон дастгир карда шудаанд, ки дар доираи чораибиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз ҳар кадоми онҳо воистаҳои гуногуни нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон дарёфту мусодира карда шудааст.

  Мавриди зикр аст, ки хариду фуруш ва ҳамагуна амалиётҳои додудигирифти ғайриқонунии воситаҳои нашъадорро роҳбари гурӯҳи муташаккил Қурбонов Муқим назорат ва нақшабандӣ намуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷумла “Ватс-Ап”, “Имо”, “Вайбер” бо дигар ҳаммаслаконаш додугирифти воситаҳои нашъадорро ба роҳ мондааст, ки далелҳои шайъии аз ҷараёни доду гирифти воситаҳои нашъадор дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ, ки дар вақти пешбурди чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ ба даст омадаанд, исботи ин гуфтаҳост.
  Чуноне маълум гардид ҳаммаслак ё ба қавле шогирдони Қурбонов Муқим воситаҳои нашъадорро ба шаҳрҳои гуногуни кишварҳои хориҷӣ интиқол дода, дар махфигоҳ гузошта расм ва схемаи макони гузоштаашро тавассути интернет-моҳвора нусхабардорӣ намуда, ба роҳбари гурӯҳ Қурбонов Муқим мефиристанд. Баъдан дастгиршуда Қурбонов Муқим схемаи мазкурро ба харидорони ин маводи заҳрогин ирсол менамояд, ки дар навбати худ онҳо баъди дастрас намудани воситаҳои нашъадор маблағи онро тавассути низоми интиқоли пардохти электронии “Киви-кошолёк” ба суратҳисоби Қурбонов Муқим мегузаронанд.
  Чунончӣ дар асоси маводҳои тафтишотӣ тасдиқ гардид, ки ин гурӯҳ охирон маротиба санаи 10 октябри соли 2019 – 55 кг. воситаи нашъадори сахттаъсири навъи “Героин”- ро ба яке аз кишварҳои ИДМ интиқол дода, бо схемаи махсуси интернетӣ ба гурӯҳҳои нашъаҷаллобони хориҷӣ фурӯхтаанд.

  Айни замон нисбати ҳамаи ин 7-нафар дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 200 қисми 4-и Қодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.
  Мавриди зикр аст, ки хариду фурӯши воситаҳои нашъадор ва пайроҳаи қочоқ дар ягон давру замон поянда нахоҳад буд. Пойдевор ва сарвате, ки тавассути нашъаҷаллобӣ ва маблағи аз ин ҳисоб бадастомада, бунёд гардидааст, ноустувору бебақо хоҳад буд

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin