• Home »
  • ХАБАР »
  • (Видео) Баррасии фаврӣ: Боздошт ва ҳабси 5 нафар ҷавонон аз рӯи навори латӯкуби бераҳмона
(Видео) Баррасии фаврӣ: Боздошт ва ҳабси 5 нафар ҷавонон аз рӯи навори латӯкуби бераҳмона

(Видео) Баррасии фаврӣ: Боздошт ва ҳабси 5 нафар ҷавонон аз рӯи навори латӯкуби бераҳмона

  Санаи 17 марти соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои интернетӣ ва саҳифаи иҷтимоии Фейсбук навори латукӯби як гурӯҳ шаҳрвандон нашр гардид, ки дар он муноқишаи бераҳмонаи як гурӯҳ ҷавонон нисбати як нафар марди ҷавони дигар инъикос гардидааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати муайян намудани нафарони гумонбар ва омилу сабабҳои ин амали ҷиноятӣ бо супориши роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ созмон дода шуда, барои боздошту дастгир намудани нафарони дар навор инъикос гардида чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе роҳандозӣ карда шуд.


  Дар натиҷа, бо гузашти ҳамагӣ 20 дақиқа баъди содир гардидани ҳодисаи мазкур кормандони милитсияи пойтахт содиркунандагони ин амали ғайриқонунӣ ва дар як вақт кирдори ваҳшониятро муайяну дастгир намуданд.
Дар натиҷа муайян карда шуд, ки амали ҷиноиро шаҳрвандон:

  Зиёев Беҳрӯз Тағоевич соли таваллудаш 01. 01. 1994. истиқоматкунандаи ш. Ваҳдат, кӯчаи Хуросон, хонаи 1, ҳуҷраи 34 оиладор соҳиби 1 фарзанд;

Яхшиев Эмомалӣ Бароталиевич соли таваллудаш 01. 04. 1994. истиқоматкунандаи ш. Кӯлоб, кӯчаи Хатироҳ, хонаи 113, оиладор соҳиби 1 фарзанд;

  Баротов Ёрмуҳаммад Тағоевич соли таваллудаш 01. 03. 1998. истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Қосимова, хонаи 7/4, ҳуҷраи 36;

  Асроров Абдусалом Аҳрорович соли таваллудаш 27. 07. 1996. истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Маяковский, хонаи 21, ҳуҷраи 13;

 Мулкамонов Ҳукуматшоҳ Рамазонович соли таваллудаш 20.05.1999. истиқоматкунандаи ш. Бохтар, кӯчаи Ваҳдат, бинои 35, ҳуҷраи 17 содир намудаанд.

  Зимни таҳқиқи ҳодиса муайян карда шуд, ки дар санаи 17. 03. 2020. дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар натиҷаи як муноқишаи лафзӣ 5 нафар дастгиршудагон дар ҳайати гурӯҳӣ шаҳрванд Ҷумазода Кароматуллои Асатулло соли таваллудаш 07.06.1990 истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, ҷ/д Мирзо Ризо, деҳаи Шӯроб, оиладор соҳиби 3-фарзандро ба воситаи калиди чархи мошин ва мушту лагад якчанд маротиба ва ба таври бераҳмона ба сару рӯяш зарба зада, баъди беҳуш гардидани ҷабрдида, телефони мобилии охиронро ғорат намуда, аз ҷои ҳодиса фирор намудаанд. Дар натиҷаи ин амали ноҷавонмардонаи дастгиршудагон ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
  Айни ҳол нисбати дастгиршудагон дар асоси моддаҳои 237 қисми 3 (авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) ва 248 (ғоратгарӣ)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin