• Home »
  • ХАБАР »
  • Аз рӯи навор: Ба ҷавобгарӣ кашидани ҷавонзан барои партофтани партов аз ошёнаи 10-ум (видео)
Аз рӯи навор: Ба ҷавобгарӣ кашидани ҷавонзан барои партофтани партов аз ошёнаи 10-ум (видео)

Аз рӯи навор: Ба ҷавобгарӣ кашидани ҷавонзан барои партофтани партов аз ошёнаи 10-ум (видео)

  Риояи одоби шаҳрдорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф масъулият ва қарзи шаҳрвандии ҳар як нафар сокини пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. Вале мутаассифона баъзе аз шаҳрвандоне ҳастанд, ки талаботҳои кӯчактарини шаҳрдориро риоя накарда, на инки дар пешрафту шукуфоии шаҳр саҳм мегузоранд, балки бо амалу рафтор ва кирдори ношоистаи худ боиси озурдахотирии шаҳрвандон ва коста гардидани симои пойтахт мегарданд.
Аз ҷумла дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук аз ҷониби як нафар сокини бинои истиқоматии баландошёнаи пойтахт наворе нашр гардидааст, ки дар он аз пешайвон ё ба истилоҳ балкони ошёнаи 10-уми бинои истиқоматии мазкур ба поён, ки майдончаи бозии кӯдакон ҷойгир аст, партофтани партов, аз қабили зарфҳои пластикӣ аз ҷониби як нафар зан инъикос ёфтааст.

  Ин навор ва амали ғайриоқилонаи номбурда мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон қарор гирифта, аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуданд, то нафари ба ин амал даст зада муайян карда шуда, нисбаташ чораи таъсиррасони қонунӣ андешида шавад.
  Дар натиҷаи омӯзиш ва мавриди баррасӣ қарор додани муроҷиати мазкур, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Сатторова Нозанин Тиллоевна соли таваллудаш 09.10.1988 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Шамсӣ, бинои 2/4, ҳуҷраи 89, оиладор соҳиби 3-фарзанд мебошад, ки ба хотири гӯё осон намудани кори худ аз боло зарфҳои пластикиро ба поён ҳаво додааст.


  Ин амали номбурда дар ҳақиқат бар хилофи талаботҳои санитарӣ ва махсусан одобу ахлоқи шаҳрдорӣ мебошад.
 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда бо моддаи 112-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар баррасӣ қарор дорад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin