Ҷаримабандии ронанда дар асоси муроҷиати шаҳрванд

  Санаи 23-юми феврали соли 2020 шаҳрванд Азиззод Парвизӣ бо ирсоли як муроҷиат аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуд, то нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота Каролла, рақамҳои қайди давлатиаш 0270 SS 01 чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро ронандаи автомашинаи мазкур ҳамгоми ҳаракат дар роҳи кӯчаи Борбад (ҳаракат аз самти Гипрозем ба сӯи маҳаллаи 1-ум Саветский) Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, ҳолати хатарноки садамавиро ба вуҷуд овардааст.
  Муроҷиати мазкур таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор гирифта, дарҳол ронандаи автомашинаи мазкур муайян ва ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас гардид.
  Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи Тайота Каролла, рақамҳои қайди давлатиаш 0270 SS 01, шаҳрванд Амиршоев Ёқуб Қурбонмуродович, соли таваллудаш 13. 05. 2000, истиқоматкунандаи деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ буда, зимни идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи Борбади ноҳияи Сино қоидаҳои сабқатро (манёвр) вайрон намуда, ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ хатар эҷод намудааст.
  Бо дар назардошти ҳолати мазкур нисбати номбурда бо моддаи 235 қисми 3-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб ва ҷаримабандӣ карда шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin