Муҷозоти 2-ронанда дар асоси навори гузориши Радиои Озодӣ

Муҷозоти 2-ронанда дар асоси навори гузориши Радиои Озодӣ

  Як нафар корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли 2-адад расми қоидаваронкунии ронадагон, ки ҳангоми сабти гузориши Радиои озодӣ таҳти унвони «”Баҳманмоҳ”. Инқилоб ё иғво? Нигоҳ ба воқеаи 30 сол пеш» содир гардидааст, аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намудааст, то нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёти мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад.

  Зимни омӯзиш ва мавриди баррасӣ қарор додани муроҷиати мазкур муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат ҳангоми сабти гузориш дар кӯчаи Сомонии шаҳри Душанбе, зимни таҳияи стендап аз ҷониби хабарнигори Радиои Озодӣ Зарангези Наврӯзшоҳ, ки дар байни роҳ қарор дошт, ду адад воситаҳои нақлиёти сабукрав, автомашинаҳои тамғаи Волсваген рақами қайди давлатиаш 085 ХС 01 ва тамғаи Тайота-Кемрӣ рақами қайди давлатиаш 0010 DК 01 ҳангоми ҳаракат хилофи Қоидаҳои ҳаракати роҳ хати дуқатораи уфуқиро пахш намуда, ба самти муқобил ҳаракат намудаанд, ки ин ҳолатҳоро камераи банаворгирии Радиои Озодӣ сабт намудааст.
  Вобаста ба далелу ҳолатҳои мазкур ронандагони воситаҳои нақлиёти дар навор инъикосгардида муайян ва ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуда, барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниашон нисбати ҳар кадоме тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.

Шамсиддинзода Муслиҳиддин – ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота-Кемрӣ, рақамҳои қайди давлатиаш 0010 DК 01;

Саидов Бобоҷон Қурбоншоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Волсваген, рақамҳои қайди давлатиаш 085 ХС 01;

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin