Идомаи баррасии муроҷиати шаҳрвандон: Ҷаримабандии 21-ронандаи дигар

Идомаи баррасии муроҷиати шаҳрвандон: Ҷаримабандии 21-ронандаи дигар

  Чи тавре, ки қаблан иттилоъ дода будем, санаи 6-уми феврал як қатор корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли 62-адад расми қоидавайронкунии ронандагон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намудаанд, ки нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёти дар аксҳо инъикосгардида, барои вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чораҳои қонунӣ андешида шавад.
  Муроҷиати мазкур таҳти назорат ва баррасии роҳбарияти Раёсат қарор гирифта, тамоми қуваю воситаҳои Шуъбаи БДА РВКД дар шаҳри Душанбе барои муайян намудани ҳолатҳои дар расмҳо инъикосгардида равона карда шуд.
  Дар ду рузи аввал агар 35 ҳолати он муайян гардида, қоидавайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда бошанд, дар 2 рузи баъдӣ 21 ҳолати боқимондаи дигар ошкору муайян ва ронандагони воситаҳои нақлиёт ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас ва нисбати ронандагон чораҳои прорфилактикӣ-фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.
  Дар натиҷа муайян гардид, ки дар ҳақиқат ронандагони дар аксҳо инъикосёфта ба қоидавайронкунии дағали ҳаракат роҳ дода, ба самти муқобили роҳ ҳаракат намудаанд, ки боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст.
  Дар натиҷа нисбати 21 нафар ронадагон низ тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.
  Аз ҷониби ШБДА РВКД дар шаҳри Душанбе баррасии боқимонда 5-адад расми қоидавайронкуниҳои ҳаракти роҳ идома дошта, дар гузоришҳои минбаъда иттилоъ хоҳем дод. Зеро дар аксар ҳолатҳо ронандагоне, ки аз минтақаҳои дигари кишвар ба шаҳри Душанбе меоянд, баъди анҷоми ин ё он кори шахсиашон ба зодгоҳи хеш бармегарданд, ки дар натиҷа ба кори БДА дар самти баррасии муроҷиати шаҳрвандаон мушкилӣ пеш меояд.

Ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва ному насаби 21-нафар ронандагони воситаҳои нақлиёт:

Сабуров Оятулло Маҳмадёрович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус RX-450», рақамаи қайди давлатияш 3000 ОК 01;

Ҳикматҷони Турабек- ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», рақами қайди давлатияш 1000 ОН 01;

Фирузи Маҳмад – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Соната», рақами қайди давлатияш 1000 ЕЕ 01;

Зубайдов Сангинмурод Ҳукматуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус RX-350», рақамаи қайди давлатияш 0102 ОR 01;

Раҳмонов Лангари Сайдалиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус RX-350», рақамаи қайди давлатияш 0808 DO 07;

Муҳаммадиев Диловар Абдуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Таёта Кемри», рақамаи қайди давлатияш 0080 СХ 01;

Ғаюров Аҳлиддин Исломидинович- ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемрӣ», рақамаи қайди давлатияш 1200 ВО 01;

Саидов Меҳробиддин Ҷалолидинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенз», рақамаи қайди давлатияш 2266 ЕЕ 07;

Шакаров Далер Исломович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенз», рақамаи қайди давлатияш 7357 АТ 03;

Азизов Ҳамза Абдуҳомидович – ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА Веста», рақамаи қайди давлатияш 9953 ЕА 01;

Гулмадов Зафар Қурбоналиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», рақамаи қайди давлатияш 0916 SS 01;

Назаров Муродали – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақамаи қайди давлатияш 6278 ОD 01;

Моисеев Дмитрий Александрович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақамаи қайди давлатияш 3779 ВС 03;

Шарипов Суҳроб Баротович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақамаи қайди давлатияш 8296 СТ 01;

Холов Эжод Маҳмадпулатович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Некси», рақамаи қайди давлатияш 0222 ВТ 01;

Самандари Сайдаҳмад – ронандаи автомашинаи тамғаи «Некси», рақамаи қайди давлатияш 8629 РР 01;

Рабиев Анвар Нарзулоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақамаи қайди давлатияш 5024 ТТ 05;

 

 

Гаюбов Баҳром Имомалиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Авенте», рақамаи қайди давлатияш 5524 ТТ 05;

Ҳайдаров Рустам Исроилович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Соларис», рақамаи қайди давлатияш 9370 ТТ 05;

Сайфов Муродали Мирзоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Соларис», рақамаи қайди давлатияш 5028 ТТ 05;

Набиев Ҷамшед Асомудинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21010», рақамаи қайди давлатияш 025 ВВ 01 ;

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар робита ба баррасии расми ирсолнамудаи шаҳрвандон, ки дар он автомашинаи хизматии ШБДА дар шаҳри Душанбе таҳти рақами 0661 М 01 инъикос гардида, дар назди истгоҳи мусофиркашонӣ таваққуф намудааст, иттилоъ медиҳад, ки нисбати корманди масъули Шуъбаи БДА дар шаҳри Душанбе санҷиши хизматӣ гузаронида шуд. Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда як ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне бе Иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ба мусофиркашонӣ машғул гардидан аз ҷониби як нафар ронандаро ошкор намуда, баъди ҳуҷҷатгузорӣ намудан ҳангоми автомашинаи мазкурро ба майдончаи ҷаримавии ШБДА интиқол додан, автомашинаи хизматиро дар назди истгоҳ таваққуф намудааст.

  Тибқи талаботи банди 13 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ронандагони воситаҳои нақлиёти Бозрасии давлатии автомобилӣ, ки бо чароғакҳои шуълавари ранги кабуду сурх таҷҳизонида шудаанд, ҳангоми иҷрои супориши таъҷилии хизматӣ, ҳуқуқ доранд талаботи бобҳои алоҳидаи ҳамин Қоидаҳоро, аз он ҷумла гузоштани воситаи нақлиёти хизматиашро дар ҳудудҳои минтақаҳои манъбудаи бозистии қитъаҳои роҳро сарфи назар намуда, иҷрои корҳои танзимгароӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати дигар воситаҳои нақлиётро ҷорӣ намояд.
  Дар ҳолати мазкур корманди БДА барои иҷрои супориши таъҷилии хизматӣ воситаи нақлиёташро дар ҳудуди истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ гузошта, худаш барои иҷрои вазифаҳои хизматиаш рафтааст. Ягона камбудии нозири роҳ дар ҳолати мазкур фурӯзон накардани чароғакҳои шуълавари ранги кабуду сурхи воситаи нақлиёти патрулии БДА мебошад, ки барои ин амалаш нозири роҳ огоҳонида шуд.

Маркази матбуотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin