(Видео) Боздошт аз рӯи навор: Тарки ҷои ҳодиса баъди ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ

(Видео) Боздошт аз рӯи навор: Тарки ҷои ҳодиса баъди ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ

  Нодида гирифтани аломатҳои танзимкунандаи ҳаракати роҳ махсусан беэътиноӣ нисбати пеиёдагардон дар бештари маврид боиси сар задании ҳодисаҳои нохӯш ва садамаҳои марговар мегардад. Чуноне аз таҳлилҳо бармеоянд, дар баъзан маврид худи пиёдагардон низ ба Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ эътибор надода, саросемавор ҳангоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳро убур мекунанд, ки пеш аз ҳама ҷони худро дар хатар мегузоранд. Вале ба ҳар сурат ронандагони воситаҳои нақлиёт низ дар маконҳои серодаму роҳҳои гузашти пиёдагардон бо суръати баланд ва ба дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ эътибор надода, воситаи нақлиёти худро бо суръати баланд идора мекунанд, ки ин ба оқибатҳои нохушоянд оварда мерасонад.


  Аз ҷумла як нафар корбари саҳифаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли наворе аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш намуд, то нисбати ронанда, ки қоидавайронкунии дағали ҳаракати роҳ содир намудааст чораҳои қонунӣ андешида шавад. Чуноне аз навор бармеояд як нафар ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақамҳои қайди давлатиаш 2018 JJ 01, ба аломат ва хати танзимкунандаи роҳи пиёдагард беэътиноӣ намуда, ҳолати хатарноки садамавиро ба вуҷуд оварда, бар замми ин бе расонидани ёрӣ ба пиёдагард ҷои ҳодисаро тарк намудааст.  
  Зимни санҷиш муайяан карда шуд, ки ронандаи автомашинаи дар навор инъикосёфта, шаҳрванд Ходжамуратов Ойбекҷон Мухторович, соли таваллудаш 24. 06. 1997 сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, донишҷӯи курси 5-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино мебошад.

  Дар натиҷа муайян карда шуд, ки сабаби асосии ин ҳодиса маҳз беэътиноӣ, бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт дар минтақаи аҳолинишин ва нодида гирифтани хати танзимкунандаи ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандаи автомашинаи мазкур мебошад.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақамҳои қайди давлатиаш 2018 JJ 01, Ходжамуратов Ойбекҷон Мухторович маводҳои лозима тартиб дода шуда, таҳқиқ идома дорад.
  Милитсияи пойтахт ба шаҳрвандон, ки худро бетараф нагирифта, ҷиҳати танзими ҳаракати роҳ, пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ мекунанд ва расму наворҳои қоидавайронкунандагонро ба суроғаҳои электронии РВКД дар шаҳри Душанбе мефиристанд, изҳори сипос мегӯяд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin