• Home »
  • ХАБАР »
  • (Видео) Мусодираи 1650-адад силоҳҳои сард: Ошкорёбии сарчашма-паҳнкунандаи он дар пойтахт
(Видео) Мусодираи 1650-адад силоҳҳои сард: Ошкорёбии сарчашма-паҳнкунандаи он дар пойтахт

(Видео) Мусодираи 1650-адад силоҳҳои сард: Ошкорёбии сарчашма-паҳнкунандаи он дар пойтахт

  Дар доираи амалиёти шартии бо номи «Корд», ки аз ҷониби милитсияи пойтахт амалӣ мешавад, то ин замон асосан он нафароне дастгир шуданд, ки бо худ силоҳи сард мегардониданд. Ахиран дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои оперативию санҷишӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе сарчашма, яъне паҳнкунандаи чунин ашёҳо муайяну ошкор карда шуд.


  Аз ҷумла санаи 13-уми феврали соли 2020 зимни азназаргузаронии ҶДММ «Корвон плюс» воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ошкор карда шуд, ки дар нуқтае фурӯши маводҳои таркибан силоҳмонанд ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ин фурушгоҳ ба соҳибкори инфиродӣ Чилаев Зафар Пираҳмадович, соли таваллудаш 23. 07. 1978. истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Фирдавсӣ тааллуқ дорад.


  Дар натиҷаи санҷиш ва азназаргузаронии фурӯшгоҳи мазкур миқдори зиёди предметҳои халландаю бурранда, аз ҷумла;
– кордҳи калон (штикнож) 17-адад;
-кордҳои майда (нинза) 78-адад;
-кордҳои калон (нинза) 48-адад;
-корди каҷ 43-адад;
-корди рост 30-адад;
-кордча-кастет 12-адад;
-корди шапарк (бабочка) калон 99-адад;
-корди шапарка (бабочка) майда 343-адад;
-чапқу 106-адад;
-чапқуи калон 12-адад;
-чапқу-пистолет 15-адад;
-Финка 560-адад;
-финкаи хурд 70-адад;
-шашпаҳлӯ (звезда) 74-адад;
-кастет 12 адад;
-электрошоки дароз 10-адад;
-электрошоки хурд 63-адад;
-дубинкаи оҳанин 46-адад;
-чубдаст (бита) 9-адад;
-табар 3-адад;
дар маҷмуъ 1650 адад чунин предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуданд.


  Мувофиқи ташхиси эксперти судӣ кириминалистӣ предметҳои аз соҳибкори инфиродӣ Чилаев З. П. мусодира шуда ба тарзи саноатӣ сохта шудаанд, ки ба гурӯҳи яроқи сард дохил мешаванд. Аз ҷумла, чубдастҳои металии телескопӣ, кастет, силоҳи сарди ҳаводиҳандаи ситораи шашгӯша (сюрикен), теғи ду дама, кордҳои ҷангӣ ва кордҳои шикории сохташуда ба гурӯҳи яроқи сарди зарбазананда-поракунанда ва халандаву бурранда мансубият доранд.
  Зимни пурсиш шаҳрванд Чилаев Зафар Пираҳмадович изҳор дошт, ки соҳибкори инфиродӣ бурда, предметҳои зикршударо ба хотири ба даст овардани маблағу даромад ба фурӯши ғайриқонунии он машғул шудааст.


  Мавриди зикр аст, ки мувофиқи моддаи 9, қисми 1 сархати 3 ва 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», дар қаламрави Чумҳурии Тоҷикистон силоҳои сарди зерин манъ мебошад
– шашпарҳо, кастетҳо ва дигар ашёи зарбазани поракунанда, силоҳи сард ва ҳаводиҳанда (сурикенҳо, бумерангҳо, арбалетҳо, камонҳо ва тирҳои онҳо), ба истиснои гулӯлаҳои варзишӣ;
– силоҳи сарди теғдор ва кордҳо, ки теғ ва дами онҳо дар сурати зер кардани тугма ё фишанг пеш мебароянд ва сабт шуда, ба кор дароварда мешаванд ва ё аз ҳисоби қувваи вазн ё ҳаракати босуръат ба таври автоматӣ сабт шуда, омодаи истифода мегарданд ва дар ин ҳолат дарозии теғашон бештар аз ҳаштоду панҷ миллиметрро ташкил медиҳад.


  Бо дарназардошти ҳалатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Чилаев Зафар Пираҳмадович бо моддаҳои 492 (Риоя накардани тартиби ба даст овардан, нигоҳ доштан, ба каси дигар додан ё фурӯши тапончаи пневматикӣ, силоҳи оташфишони суфтамили шикорӣ ва силоҳи сард) ва 510 (Иҷрои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шудааст.
  Суд дар навбати худ санаи 19-уми феврали соли 2020 нисбати ҳуқуқвайронкунанда Чилаев Зафар Пираҳмадович ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 22 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 1276 сомонӣ бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъин намуд.


  Баъд аз қарори суд тамоми далелҳои шайъӣ, яъне 1650-адад силоҳҳои сарди гуногун бо роҳи шикастану гудохтан несту нобуд карда шуданд.
  Вобаста ба ин Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бори дигар, ба маълумоти кулли шаҳрвандон мерасонад, ки милитсияи пойтахт ҷиҳати мубориза бар зидди амалу кирдорҳои ҷиноятӣ, к ибо истифода аз силоҳи сард содир мешаванд то пурра аз байн бардоштани ин омили номатлуб муборизаи беамон мебаранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin