Ҷаримабандии 24-ронанда дар асоси расмҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон

Ҷаримабандии 24-ронанда дар асоси расмҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон

  Чи тавре, ки қаблан иттилоъ дода будем, аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тамоми муроҷиатҳои шаҳрвандон мавриди омӯзиш ва баррасии ҳамаҷониба қарор мегиранд.
  Ин навбат низ як қатор корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо ирсоли расми қоидавайронкунии ронандагон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намудаанд, ки нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёти дар аксҳо инъикосгардида, барои вайрон намудани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чораҳои қонунӣ андешида шавад.
  Дар асоси расмҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон 24 ҳолати қоидавайронкунии ронандагон ошкору муайян карда шуда, ронандагони воситаҳои нақлиёт ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас ва нисбаташон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуд.

  Чуноне аз натиҷаи тахлилҳо ва расмҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон бармеоянд, дар бештари маврид маҳз соҳибони воситаҳои нақлиёти гаронарзиш бо рақамҳои ба қавле «крутой» ба қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат роҳ додаанд, ки ин беэҳтиромӣ нисбати дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ буда, аз маданияту маърифати пасти чунин афрод дарак медиҳад.

  Дар натиҷа муайян гардид, ки дар ҳақиқат ронандагони дар аксҳо инъикосёфта ба қоидавайронкуниҳои гуногуни дағали ҳаракат роҳ додаанд, ки боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст. Вобаста ба ин нисбати ҳамаи ин 24 нафар ронадагон тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва ному насаби 24-нафар ронандагони воситаҳои нақлиёт:

Даманов Фирдавс Назаралиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемрӣ», рақами қайди давлатияш 1111 ОN 01;


Сафаров Амришо Алишерович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемрӣ», рақами қайди давлатияш 1000 ТY 01;

Ғуломов Сиёвуш – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», рақами қайди давлатияш 0004 ТС 01;

Абдулов Фирдавсалӣ Мубинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемрӣ». Дар вақти қоидаваронкунӣ рақамҳои қайди давлатии автомашинаи мазкур 9192 ЕА 01 буд. Дар натиҷа маълум гардид, ки ронандаи автомашинаи мазкур Абдулов Фирдавсалӣ Мубинович рақамҳои қайди давлатиашро ба рақамҳои қайди давлатии 7000 QD 07 иваз намудааст;

Сайнуриддинов Ҳалимҷон Додарҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Ренҷ-Ровер», рақамаи қайди давлатияш 7055 ЕЕ 01;

Кенҷаев Фирдавс Баҳронович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус-RX-350»; Бо рақамҳои қайди давлатии 0303 OY 03, ки ба автомашинаи мазкур тааллуқ надорад, идора мекард. Мавриди зикр аст, ки ҳангоми баррасии қоидаваронкунӣ ин рақамҳо дар автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» насб гардида буд, ки ба автомашинаи мазкур низ тааллуқ надорад. Тибқи маълумоти расмии БДА рақамҳои қайди давлатии 0303 OY 03 дар асл ба автомашинаи тамғаи Тайота-Кемрӣ тааллуқ дорад. Ҳар се автомашина ба шаҳрванд Кенҷаев Фирдавс Баҳронович, ки ба тиҷорати автомашина машғул будааст, тааллуқ доранд. Дар асоси ҳамаи 3-далел қоидавайронкунӣ нисбати ронанда парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд;

Исломов Боймаҳмад Ҷамолиддинович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақамаи қайди давлатияш 3000 FO 01;

Холмирзоев Носирҷон Назарович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Аудӣ», рақамаи қайди давлатияш 555 ZB 01;

Мирзозоджа Фирдавс Муҳаммад – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Прадо», рақамаи қайди давлатияш 0094 ОD 01;

Фазлиддинов Лоиқ Хуҷамуродович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемрӣ», рақамаи қайди давлатияш 0012 ЕЕ 01;

Каримов Эраҷ Мирзоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенз», рақамаи қайди давлатияш 0777 НВ 07;

Камолов Раҳмоналӣ – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенз», рақамаи қайди давлатияш 4445 DA 01;

Назаров Бахтиёр Мирзоалиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақамаи қайди давлатияш 4411 СС 01;

Сабзалиев Ҳидоятулло Ҳабибуллоевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақамаи қайди давлатияш 8268 РР 01;

Ашуров Наҷмуддин Маҳкамтошевич – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақамаи қайди давлатияш 550 ZР 01;

Алиев Комрон Хуҷаназарович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Таёта Карола», рақамаи қайди давлатияш 3333 ТТ 05;

Беков Ҷалолиддин – ронандаи автомашинаи тамғаи «Шевралет», рақамаи қайди давлатияш 7946 ТТ 05;

Кабиров Толибҷон – ронандаи автомашинаи тамғаи «Таёта – Кемри», рақамаи қайди давлатияш 7652 ТТ 05;

Наҷмиддинов Фурқат Фаррухович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Таёта – Раф 4», рақамаи қайди давлатияш 7079 FМ 01;

Мустафоев Файзиддин – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел – Вектра», рақамаи қайди давлатияш 4615 НН 01;

Мирзомудинов Суҳроб – ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», рақамаи қайди давлатияш 1122 ЕН 01;

Игамбердиев Суҳроб Қобилҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Некси», рақамаи қайди давлатияш 9813 НН 01;

Игамов Олим Шокирҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақамаи қайди давлатияш 4513 SS 01 ;

Камолзода Қадриддин Комилҷон – ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақамаи қайди давлатияш 3232 АО 01 ;

Маркази матбуотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin